Бозиҳои даври аввали марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе рӯзҳои 13-14 феврал баргузор шуданд.
Дастаҳо дар ду гурӯҳ рақобат доранд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Ҳосилот» (Фархор), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Равшан» (Кӯлоб) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд), ба гурӯҳи «Б» «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Истиқлол» (Душанбе), «Ҳулбук» (Восеъ) ва «Ашт» (Ашт) дохиланд.
Нахустин бозии марҳилаи ниҳоӣ дар гурӯҳи “А” миёни дастаҳои «Равшан» ва «Ҳосилот» бо ҳисоби мусовии 1:1 поён ёфт. Ба голи нимҳимоятгари «Равшан» Зокир Абдулхайров бозигари фархориҳо Ҳасан Рустамов ба гол посух дод.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи лигаи аввал «Кӯктош» тими лигаи олӣ «Хуҷанд»-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро легионери африқоии «Кӯктош» Мисиам Иносент аз Гана дар дақиқаи 85-уми дидор ба самар расонд.
Рӯзи сешанбеи 14-уми феврал ду бозӣ дар гурӯҳи «Б» баргузор шуд. Нахуст дастаи «Регар-ТадАЗ» тими «Ашт»-ро бо ҳисоби 6:2 мағлуб кард. Баъдан дастаи «Истиқлол» ба дарвозаи «Ҳулбук» 11 голи беҷавоб зад.
Имрӯз, 15 феврал, ду бозии даври дувуми Ҷоми ФФТ дар гурӯҳи “А” барпо мегардад. Соати 12:30 бозӣ миёни дастаҳои «Равшан» ва «Кӯктош» баргузор мешавад. Сипас соати 15:00 тимҳои «Хуҷанд» ва «Ҳосилот» рақобат мекунанд.
Бар асоси низомномаи мусобиқа ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ муборизаро барои Ҷоми ФФТ ва медалҳо идома медиҳанд.
Ҷоми ФФТ-2017. Марҳилаи ниҳоӣ
Гурӯҳи «А». Даври 1-ум
13 феврал (душанбе)
«Равшан» – «Ҳосилот» – 1:1
Голҳо: Зокир Абдулхайров, 52 (1:0). Ҳасан Рустамов, 57 (1:1).
«Хуҷанд» – «Кӯктош» – 0:1
Гол: Мисиам Иносент, 85.
Гурӯҳи «Б». Даври 1-ум
14 феврал (сешанбе)
«Регар-ТадАЗ» – «Ашт» – 6:2
Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 12 (1:0). Баҳодур Абдуғаниев, 22 – ба дарвозаи худ (2:0). Евгений Хотимский, 44 (3:0). Фирӯз Қараев, 51 (4:0). Дилмурод Донаев, 65 (4:1). Достон Абдуллоев, 70 (4:2). Азиз Мансуров, 80 (5:2). Комрон Турсунов, 89 (6:2).
«Истиқлол» – «Ҳулбук» – 11:0
Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 22 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 27 (2:0). Ҷаҳонгир Алиев, 28 (3:0). Дмитрий Барков, 34 (4:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 44 (5:0). Фатҳулло Фатҳуллоев , 45+1 (6:0). Нуриддин Давронов, 62 (7:0). Ромиш Ҷалилов, 80 (8:0). Дилшод Восиев, 89 (9:0). Фаридун Шарифов, 90+1 (10:0). Дилшод Восиев, 90+2 (11:0).
Даври 2-юм
Гурӯҳи «А»
15 феврал (чоршанбе)
12:30 – «Равшан» – «Кӯктош»
15:00 – «Хуҷанд» – «Ҳосилот»
Гурӯҳи «Б»
16 феврал (панҷшанбе)
14:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Ҳулбук»
17:00 – «Истиқлол» – «Ашт»
Даври 3-юм
Гурӯҳи «А»
17 феврал (ҷумъа)
12:30 – «Равшан» – «Хуҷанд»
15:00 – «Кӯктош» – «Ҳосилот»
Гурӯҳи «Б»
18 феврал (шанбе)
14:30 – «Ҳулбук» – «Ашт»
17:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»
Бозиҳои ниманиҳоӣ
20 феврал (душанбе)
1 «А» – 2 «Б»
1 «Б» – 2 «А»
22 феврал (чоршанбе)
Бозӣ барои ҷойи севум
Бозии ниҳоӣ
Бояд гуфт, ки Ҷоми ФФТ барои шашумин бор баргузор мешавад. “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дуборӣ ва “Хайр”-и Ваҳдат як бор Ҷоми ФФТ-ро ба даст овардаанд.
Соли гузашта дастаи «Регар-ТадАЗ» Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард. Футболбозони шаҳри Турсунзода дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2016, ки 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир шуд, дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаву ҳалкунандаро Ромиш Ҷалилов дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 25-ум, ба ҳадаф расонд.
Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2016):
2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0
2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1
2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
Бародар рухат шод бод. Афсус. Дар рузи Чумьа нархро арзон мекардааст. Хозир ин хел сохибкорон кареб ки вучуд надоран. Хозир сохибкорон дар мохи шарифи Рамазон нархро гарон кардаанд. Кани ба монанди бародар Умед! Чоят чанаттул Фирдавс боша
шукрона кунед бе хурокам зиндаги карда мешавад
Куллу нафсин зоиқату-л-мавт. Ақаллан Қуръону Ҳадисро дуруст хонед, баъд гап бизанед.
Аз ин кишвар харчи зудтар гурехтан, бехтарин икдом аст! Зудтар 🚀🚀🚀
Инора америка пачак кардесаю , ино бошан се чор мамлакате ки катишонан хаминора гам додесан. Баъд як чизи дигар ки , аз таможний союзи казокистону ,арманистону, киргизистон чи фоида боша . Ба худо гузарондан хамино лекин. Хай махкам кнед тамоман то икадар як хел бечора ба гаму тарс кор кардана. Безор ай чон кардан хамин расия. Кай инора ба мо зор мекада боша намедонм. Як бор зоре шида бдан ки то бас гуфтана. Худо накунад ин даъфа ба фикрм хама противи расия мешава. Наход мардуме ки аз таги пою дасти фашист шумора халос кна шумо хамихел ба мукобилшон рафтор кнед. Хозир якхелаш мешина мега кошке немисода ёрдам мекадем . Вактащда чойи хоб додем, бобову, бародарора ай даст додем барои руссхо имруз рафтору кирдору гапзании инора бин. Министр МВД -и Рассия мега ваших нелегалов на моих земля. . Ана биёву биги. Чархофалака ждат мекнем да акнун