Пайвандҳои дастрасӣ

Довари ФИФА Ванг Ди аз Чин сардовари бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 миёни дастаҳои “Дордой”-и Бишкек, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистон ва “Ҳосилот”-и Фархор, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, таъйин шудааст.

Дар ин бозӣ ба Ванг Ди ҳамватанонаш - ёварони довари ФИФА Сян Ши ва Чжан Чен - кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи довари ФИФА Аҳмад Рауф аз Покистон вогузор шудааст. Авни Абдул Карим Саид Ҳассоунеҳ аз Урдун нозири доварон ва Анварул Ҳук аз Бангладеш комиссари бозӣ мебошанд.

Бозии аввали плей-офф миёни дастаҳои “Дордой”-и Бишкек ва “Ҳосилот”-и Фархор 21-уми феврал дар варзишгоҳи ба номи Аҳмадбек Суюмбоеви шаҳри Ӯши Қирғизистон соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 13:00 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Бозии ҷавобии ин дастаҳо 28-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мегардад.

Ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи «D» ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ мешавад.

Ёдовар мешавем, дастаи “Ҳосилот” аз рӯи натоиҷи ду даври муқаддамотӣ барои роҳёбӣ ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 бар тими “Шоҳин Осмоӣ”, қаҳрамони лигаи бартари Афғонистон, пирӯз шуда, ба даври плей-офф роҳ ёфтааст.

"Ҳосилот" дар бозии аввал, ки 31-уми январ дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон барпо гардид, бар тими “Шоҳин Осмоӣ” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Голи ягонаро Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 35-уми нимаи аввали дидор ба самар расонд. Бозии ҷавобӣ миёни тимҳои “Ҳосилот” ва “Шоҳин Осмоӣ”, ки 7-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол ба поён расид.

Дар ду бозии дигари марҳилаи муқаддамотӣ дар минтақаи Осиёи марказӣ «Дордой»-и Қирғизистон ва «Балкан»-и Туркманистон рақобат карданд. Бозии аввал миёни ин ду даста 31-уми январ дар шаҳри Ӯши Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расида буд. Дар бозии ҷавобӣ 7-уми феврал дастаи мизбон - «Балкан» – аз тими «Дордой» бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии бозиҳои даври муқаддамотӣ тимҳои “Ҳосилот”ва “Дордой” ба плей-офф роҳ ёфтанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG