Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA як зина поин рафт


Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 9 феврал нашр шуд, як зина поин рафт ва дар байни 211 кишвар бо 231 имтиёз дар ҷойгоҳи 133-юм қарор гирифт.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) мақоми 22-юмро касб кардааст. Дар Осиё Эрон дар ҷойи аввал (дар ҷаҳон 32-юм), Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи дувум (дар ҷаҳон 39-ум) ва Ҷопон дар ҷойи севум (дар ҷаҳон 52-юм) қарор доранд.

Мунтахаби Аргентина дар феҳристи нави ФИФА бо 1635 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Бразилия (1544 имтиёз) дар ҷойи дувум ва тими Олмон (1433 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (30-юм), Русия (61-ум) ва Узбакистон (63-юм) ба даст овардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ танҳо аз Туркманистон (144-ум) ва Молдова (163-юм) пеш аст.

Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

XS
SM
MD
LG