Пайвандҳои дастрасӣ

Универсиадаи ҷаҳонии зимистона дар Алматӣ поён ёфт


Универсиадаи XXVIII ҷаҳонии зимистона, ки аз 29-уми январ то 8-уми феврал дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор шуд, шаби чоршанбе ба поён расид. Дар маросими ботантана пӯшидашавии ин бозиҳои донишҷӯёни олам дар қасри яхини “Алмати Арена” беш аз ду ҳазор варзишгар аз 57 кишвар иштирок кард.

Дар ин маросим ҳокими Алматӣ Бауржан Бойбек парчами Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯёнро ба шаҳрдори Красноярск Адҳам Оқбулотов супурд. Универсиадаи XXIX ҷаҳонии зимистона соли 2019 дар шаҳри Красноярски Русия барпо мегардад.

Ба барномаи Универсиада-2017 дувоздаҳ намуд - биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, ҷаҳиш аз трамплин, рақси рӯи ях, сноуборд, фристайл, шорт-трек ва ҳоккей – дохил буд.

Дар Универсиадаи ҷаҳонии зимистона варзишгарони тоҷик барои аввалин бор дар риштаи лижаронии кӯҳӣ рақобат карданд. Дар сабқати лижаронии кӯҳӣ аз рӯи слалом миёни мардон, ки 7-уми феврал дар осоишгоҳи лижаронии кӯҳии Шимбулак баргузор шуд, Сайфиддини Низомиддин дар даври аввал бо натиҷаи 1:23.74 ҷойи 47-умро гирифт. Вале Соҳибназари Турсунмурод ба марра нарасид.

Дар ин навъи рақобатҳо дар даври аввал ҳамагӣ 86 лижарон ширкат дошт, ки 47 нафарашон ба марра расиданд. Лижаронҳои Австрия Ричард Лейтгеб бо натиҷаи 56.56 сония мақоми аввал ва Бернҳард Биндеритч бо натиҷаи 56.61 сония мақоми дувумро касб карданд. Рикард Кааҳре аз Шведсия бо натиҷаи 56.87 сония севум шуд.

Дар даври дувум 47 лижарон иштирок дошт, ки аз онҳо 38 нафарашон ба марра расиданд. Сайфиддини Низомиддин бо натиҷаи 1 дақиқаю 21.23 сония ҷойи 38-умро ишғол кард. Вале Соҳибназари Турсунмурод, ки дар даври аввал ба марра нарасид, аз ҳаққи ширкат дар даври дувум маҳрум шуд.

Лижарони австриягӣ Ричард Лейтгеб дар даври дувум бо натиҷаи 58.60 сония ғолиб шуд. Ҳамватанони ӯ Бернҳард Биндеритч бо натиҷаи 59.83 сония дувум ва Тобиас Коглер бо натиҷаи 59.51 сония севум шуданд.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии ду даври мусобиқа Ричард Лейтгеб бо натиҷаи 1:55.16 ҷойи аввал, Бернҳард Биндеритч (1:56.44) ҷойи дувум ва Тобиас Коглер (1:56.57) ҷойи севумро соҳибӣ карданд.

Лижарони тоҷик Сайфиддини Низомиддин бо натиҷаи умумии 2:44.97 дар ҷойи 38-ум қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, дар сабқати лижаронии кӯҳӣ миёни мардон аз рӯи гигант слалом (GS) ё слаломи бузург Соҳибназари Турсунмурод бо натиҷаи умумии 2:59.47 дар ҷойи 65-ум ва Сайфиддини Низомиддин (3:07.25) дар ҷойи 66-ум қарор гирифтанд. Вале Дониёр Каримов, ки дар даври аввал ба марра нарасид, аз ҳаққи ширкат дар даври дувум маҳрум шуд.

Дар Универсиадаи XXVIII зимистона дар Алматӣ варзишгарони 26 кишвар барандагони ҷоизаҳо гардида, намояндагони 14 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо мунтахаби Русия бо касби 71 нишон - 29 тилло, 27 нуқра ва 15 биринҷӣ – мақоми аввалро касб кард. Дастаи мизбон – мунтахаби Қазоқистон - бо касби 36 медал (11-8-17) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 21 медал (11-5-5) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия ва Қазоқистон, Беларус 6 медал (3-2-1), Украина 9 медал (2-3-4), Латвия як нишони тилло ва Арманистон як медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик имсол боз дар як чорабинии бузург – Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ, ки аз 19-ум то 26-уми феврал дар шаҳри Саппорои Ҷопон баргузор мешаванд, ширкат хоҳанд кард.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG