Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се тиллои Тоҷикистон дар "Муҳорибаи қаҳрамонҳо"


Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба якҳарбаи омехта (ММА) - "Муҳорибаи қаҳрамонҳо", ки дар Сирки давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба ҷуз варзишгарони тоҷик, намояндагони Афғонистон, Қирғизистон ва Узбакистон ширкат карданд.

Дар байни иштироккунандагони рақобатҳо ғолибони бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалӣ ва қаҳрамонҳои Осиё буданд, ки маҳорати баланд нишон доданд. Аз рӯи натиҷагирии мусобиқа се варзишгари тоҷик - Муҳаммад Олимов, Ҷомӣ Латифов ва Маҳмадуллои Искандар - ғолиб шуданд.

Инчунин се намояндаи Афғонистон - Ҳайдари Исмоил, Нусратулло Охунзода ва Нисор Аҳмад, ду варзишгари Қирғизистон - Бакйит Тӯйчиев, Бекбулат Абдиш уулӣ ва як нафар аз Узбакистон - Бобур Қурбонов – бар рақибони худ пирӯзӣ ба даст оварданд.

Ба иттилои Умед Назаров, муовини раиси Федератсияи ММА-и Тоҷикистон, ин мусобиқа ба Соли ҷавонон бахшида шуд. “Чунонки маълум аст, соли 2017-ро президенти Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон кард. Ба ин муносибат дар ҳамаи манотиқи кишвар баргузории чорабиниҳои мухталиф бо ширкати ҷавонон, аз он ҷумла мусобиқоти варзишӣ дар назар аст. Федератсияи мо яке аз аввалинҳо шуда ба ин иқдоми сарвари давлат ҳамовозӣ кард ва ин мусобиқаро ташкил намуд”, - иброз дошт Умед Назаров.

XS
SM
MD
LG