Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи “Ҳосилот” бо қаҳрамони Афғонистон барои роҳёбӣ ба Ҷоми AFC


Рӯзи 6-уми феврал дар шаҳри Душанбе пеш аз бозии ҷавобии тимҳои “Ҳосилот”– и Тоҷикистон ва “Шоҳин Осмоӣ”–и Афғонистон барои роҳёбӣ ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедеросиюни футболи Осиё нишасти матбуотӣ барпо гардид.

Дар ин нишаст нахуст Боир Игамбердиев, сармураббии тими “Шоҳин Осмоӣ”, ба хабарнигорон гуфт “ҳаво ба нақшаи омодагии дастаи мо тағйирот ворид кард. Ба иллати барфи зиёд мо натавонистем, ки тамрини худро дар майдон гузаронем. Бинобар ин, маҷбур шудем, ки дар толори сарбаста машқ кунем. Дар бозии ҷавобӣ дар нақшаи тактикии мо дигаргуниҳо ба амал меояд. Мо тасмим гирифтем, ки капитани дастаро иваз намоем. Дар бозие, ки фардо баргузор мешавад, ҳамлагар Амриддин Шарифӣ, бозигари тими мунтахаби миллии Афғонистон, дастаро ба майдон мебарорад.”

Амриддин Шарифӣ, капитани «Шоҳин Осмоӣ», дар ин нишаст иброз дошт, “мутаассифона, мо бозии аввалро ба “Ҳосилот” бохтем. Дар он бозӣ мо ба хатоҳои зиёд роҳ додем. Бозии худро таҳлил намудем, хулоса баровардем. Бовар дорам, ки дар бозии ҷавобӣ мо хеле хубтар бозӣ мекунем.”

Баъдан Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими “Ҳосилот”-и Фархор, бо хабарнигорон рӯбарӯ шуд. Вай гуфт, “бозии аввал муқобили «Шоҳин Осмоӣ» хатоҳои моро нишон дод. Муҳим он аст, ки бачаҳои мо хатоҳои худро диданд ва эътироф карданд. Қаҳрамони Афғонистон ҳарифи хуб ва сазовор аст. Мутаассифона, дар бозии аввал мо дар хатти ҳамла суст бозӣ кардем, аниқтараш бисёр лаҳзаҳои голзаниро истифода карда натавонистем. Вале ин футбол аст. Дар футбол на ҳар зарба бо гол анҷом меёбад. Дар бозии фардоина дар ҳайати ибтидоии даста баъзе тағйирот ба амал меояд. Умуман, вазифаи мо ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC роҳ ёфтан аст. Ба андешаи ман дар дастаи мо бозигарони пуртаҷриба бисёранд, ки аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифа мебароянд.”

Ойбек Абдуғаффоров, ҳимоятгари «Ҳосилот», ба алоқамандони даста барои дастгириашон дар бозии аввал изҳори сипос намуд ва гуфт, ки дар бозии ҷавобӣ мекӯшанд боз ҳам хубтар бозӣ карда, ба натиҷаи мусбат ноил шаванд. Вай афзуд, «Шоҳин Осмоӣ» тими хуб аст, ки футболи зебо нишон медиҳад. Он хатоҳое, ки мо дар бозии аввал содир намудем, дар бозии ҷавобӣ ислоҳ мекунем.”

Ёдовар мешавем, дастаи “Ҳосилот”-и Фархор, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, дар бозии аввали плей-офф ё роҳёбӣ ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедеросиюни футболи Осиё бар тими “Шоҳин Осмоӣ”, қаҳрамони лигаи бартари Афғонистон, бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Голи ягонаро Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 35-уми нимаи аввали дидор ба самар расонд.

Ин бозӣ 31-уми январ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Бояд гуфт, ки ҳарду даста барои аввалин бор дар Ҷоми Конфедеросиюни футболи Осиё ширкат мекунад.

Федеросиюни футболи Афғонистон, ки ба иллати далоили амниятӣ бозиҳои байнулмилалиро дар кишвари худ доир карда наметавонад, Варзишгоҳи марказии Душанберо ба сифати майдони хонагиаш ҷиҳати баргузории бозии марҳилаи пешакии Ҷоми AFC-2017 барои бошгоҳи «Шоҳин Осмоӣ» интихоб кард.

Бозии ҷавобӣ миёни тимҳои “Ҳосилот” ва “Шоҳин Осмоӣ” рӯзи сешанбеи 7-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад. Бозӣ соати 17:00 ба вақти Душанбе ва соати 16:30 ба вақти Кобул шуруъ мешавад.

Бозии дигари марҳилаи муқаддамотӣ дар минтақаи Осиёи марказӣ рӯзи 31-уми январ дар шаҳри Ӯш миёни дастаҳои «Дордой» (Қирғизистон) ва «Балкан» (Туркманистон) бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расида буд. Дар бозии ҷавобӣ «Балкан» 7-уми феврал дар майдони худ бо «Дордой» рақобат мекунад.

Дастаи ғолиби ҷуфти “Ҳосилот” – “Шоҳин Осмоӣ” дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон – «Балкан»-и Туркманистон рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии аввал 21-уми феврал, бозии ҷавобӣ 28-уми феврал барпо мегарданд.

Ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи «D» ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ мешавад.

XS
SM
MD
LG