Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои аввалини лижаронҳои тоҷик дар Универсиадаи зимистона


Универсиадаи XXVIII ҷаҳонии зимистона, ки дар шаҳри Алматии Қазоқистон бо ширкати беш аз ду ҳазор варзишгари аз 17 то 28-сола аз 55 кишвар ҷараён дорад, рӯзи 8-уми феврал ба анҷом мерасад.

Ба барномаи Универсиада-2017 дувоздаҳ намуд - биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, ҷаҳиш аз трамплин, рақси рӯи ях, сноуборд, фристайл, шорт-трек ва ҳоккей - дохиланд.

Дар ин бозиҳои донишҷӯёни олам варзишгарони тоҷик барои аввалин бор ширкат меварзанд. Онҳо дар Универсиадаи ҷаҳонии зимистона дар риштаи лижаронии кӯҳӣ рақобат мекунанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се лижарон – Соҳибназари Турсунмурод, Сайфиддини Низомиддин ва Дониёр Каримов дохиланд.

Ҳарсе рӯзи 4-уми феврал дар сабқати лижаронии кӯҳӣ миёни мардон, ки дар осоишгоҳи лижаронии кӯҳии Шимбулак баргузор шуд, аз рӯи гигант слалом (GS) ё слаломи бузург қувваозмоӣ карданд. Соҳибназари Турсунмурод дар даври аввал бо натиҷаи 1:26.88 ҷойи 74-умро соҳиб шуд. Сайфиддини Низомиддин бошад, бо натиҷаи 1:34.33 ҷойи 76-умро гирифт. Вале Дониёр Каримов ба марра нарасид.

Дар ин навъи рақобатҳо дар даври аввал ҳамагӣ 98 лижарон сабти ном шуда буд ва аз онҳо 77 кас ба марра расиданд. Лижарони Швейтсария Ҷоел Мюллер бо натиҷаи 1:04.60 мақоми аввалро касб кард. Ҷулио Ҷиованнӣ Боска аз Итолиё бо натиҷаи 1:04.95 дувум ва Кедрик Ногер аз Швейтсария бо натиҷаи 1:05.06 севум шуданд.

Дар даври дувум 77 лижарон ширкат кард, ки аз онҳо 68 нафарашон ба марра расиданд. Соҳибназари Турсунмурод дар даври дувум бо натиҷаи 1:32.59 ҷойи 65-умро соҳиб шуд. Сайфиддини Низомиддин бо натиҷаи 1:32.92 ҷойи 66-умро гирифт. Вале Дониёр Каримов, ки дар даври аввал ба марра нарасид, аз ҳаққи ширкат дар даври дувум маҳрум шуд.

Лижарони итолиёвӣ Ҷулио Ҷиованнӣ Боска дар даври дувум бо натиҷаи 1:07.82 мақоми аввалро касб кард. Швейтсариҳо Ҷоел Мюллер бо натиҷаи 1:08.39 дувум ва Кедрик Ногер бо натиҷаи 1:08.33 севум шуданд.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии ду даври мусобиқа Ҷулио Ҷиованнӣ Боска бо натиҷаи 2:12.77 ҷойи аввал, Ҷоел Мюллер (2:12.99) ҷойи дувум ва Кедрик Ногер (2:13.39) ҷойи севумро азони худ карданд.

Соҳибназари Турсунмурод бо натиҷаи умумии 2:59.47 дар ҷойи 65-ум ва Сайфиддини Низомиддин (3:07.25) дар ҷойи 66-ум қарор гирифтанд. Варзишгарони тоҷик боз дар як навъи лижаронии кӯҳӣ - слалом миёни мардон, ки рӯзи 7-уми феврал барпо мегардад, ширкат меварзанд.

Дар Универсиадаи XXVIII зимистона дар Алматӣ дар ҳамин ҳол варзишгарони 23 кишвар барандагони ҷоизаҳо гардида, варзишгарони 12 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд.

Ҳоло дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо мунтахаби Русия бо касби 51 нишон - 19 тилло, 20 нуқра ва 12 биринҷӣ - дар ҷойи аввал аст. Дастаи мизбон – мунтахаби Қазоқистон - бо касби медал 23 медал (10-3-10)) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 13 медал (7-3-3 ) дар ҷойи севум қарор доранд.

Лижаронҳои тоҷик имсол боз дар як чорабинии бузург – Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ, ки аз 19-ум то 26-уми феврал дар шаҳри Саппорои Ҷопон доир мешаванд, ширкат хоҳанд кард.

Универсиадаи XXIX ҷаҳонии зимистона соли 2019 дар шаҳри Красноярски Русия барпо мегардад. Универсиадаи навбатии ҷаҳонии тобистона бошад, моҳи августи соли равон дар шаҳри Тайбейи Тайван доир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG