Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозӣ барои Суперҷом дар Ҳисор мегузарад


Бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор, ки барои 25 ҳазор тамошогар ҷойгоҳ дорад, баргузор мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон ва «Ҳосилот»-и Фархор, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии кишвар, рақобат мекунанд. Санаи аниқи баргузории бозӣ барои Суперҷом дертар маълум хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 баргузор мешавад. Аввалин бозӣ барои Суперҷоми кишвар соли 2010 дар шаҳри Турсунзода барпо гардида буд. Дастаҳо барои Суперҷом дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа (2011), Ваҳдат (2012), Кӯлоб (2013), Душанбе (2014 ва 2015) ва Турсунзода (2016) мубориза бурдаанд.

Қаҳрамони феълии Тоҷикистон - «Истиқлол» шаш бор – солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015 ва 2016 Суперҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудааст. Танҳо як бор – соли 2013 – Суперҷом насиби дастаи «Равшан»-и Кӯлоб гардидааст.

Соли гузашта бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон 3 апрел дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда буд.

Дар ин бозӣ дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2015, бар тими "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии кишвар, бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2016):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – “Хайр” (Ваҳдат) - 2:2, аз рӯи пеналтӣ – 4:3

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 3:2

XS
SM
MD
LG