Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҷудоиталабон ба мавқеи нерӯҳои Украина дар Авдеевка


Даргириҳо барои Авдеевка. 31 январи соли 2017.
Даргириҳо барои Авдеевка. 31 январи соли 2017.

Ҷудоиталабони рӯ ба Русия рӯзи 1 феврал ҳамла ба мавқеи нерӯҳои Украинаро дар минтақаи Авдеевка идома доданд. Ҷангиён дар ин ҳамла аз системаи "Град" истифода карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти ситоди нерӯҳои Украина хабар дод.

Сотаи 7-и рӯзи чоршанбе гурӯҳи иборат аз 30 ҷангӣ барои ҳамла ба мавқеи нерӯҳои ҳукуматӣ талош карданд. Даргириҳо ҳоло низ ҷараён доранд, гуфта мешавад дар хабари ситоди нерӯҳои Украина. Александр Самарский, фармондеҳи бригадаи нерӯҳои Украина дар Авдеевка гуфт, ки аз саҳар ҷудоиталабон чаҳор дафъа ҳамла карданд. Онҳо мехоҳанд мавзееро бозпас бигиранд, ки рӯзи якшанбе дар пайи як ҳамлаи номуваффақ ба нерӯҳои Украина, аз даст доданд. Ҳоло дар он мавезъ нерӯҳои Украина ҷойгир шудаанд.

Авзоъ дар атрофи ноҳияи Авдеевка рӯзи 29 январ дар ҳоле бад шуд, ки ҷудоиталабон ба "промзон"-и ин ноҳия ҳамла бурданд. Онҳо ҷониби Украинаро ба оташкушоӣ ба мавқеҳои худ муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG