Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти “Истиқлол” ба “Енисей” дар Туркия


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии чоруми санҷишиаш дар шаҳри Анталияи Туркия аз тими “Енисей»-и Красноярск, ки дар дивизиони аввали Русия ҳунарнамоӣ мекунад, бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ дар доираи омодагии даста ба мавсими нави футбол рӯзи 30-юми январ дар тамрингоҳи маҷмааи варзишии «Амирхон» баргузор шуд. Артур Саркисов дар дақиқаи 24-ум ҳисобро боз кард. Голи дувумро Андрей Козлов дар дақиқаи 78-ум ба самар расонд.

Ҳамин тариқ, «Истиқлол» дар ҳамаи чаҳор бозии санҷишӣ дар Туркия мағлуб шуд. Дар се бозии пешин “Истиқлол” аз «Интер»-и Озарбойҷон ва «Қайсар»-и Қазоқистон бо ҳисоби якхелаи 1:3, инчунин аз «Пандурий»-и Руминия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд.

Дастаи “Истиқлол” шоми имрӯз, 31-уми январ, аз Туркия ба Душанбе меояд ва омодагиро ба мавсими нави футбол таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев идома медиҳад.

Бозии санҷишӣ

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон) – «Енисей» (Красноярск, Русия) – 0:2

Голҳо: Артур Саркисов, 24 (0:1). Андрей Козлов, 78 (0:2).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Артём Барановский (Фаридун Шарифов, 87), Дэвид Мавутор (Соҳиб Саванкулов, 84), Аҳтам Назаров, Муҳаммад Ҳасан (Дилшод Восиев, 79), Амирбек Ҷӯрабоев (Эҳсони Панҷшанбе, 72), Ристо Ристович (Сиёвуш Асроров, 75), Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Эргашев (Ҷаҳонгир Алиев, 46), Дмитрий Барков, Манучеҳр Ҷалилов.

«Енисей» (Русия): Прекович, Чичерин, Суканов, Кичин, Алиев, Камеш, Семакин, Рожков, Комков, Козлов, Саркисов.

Сардовар: Артур Тавакалян (Арманистон).

Огоҳонида шуданд: Ристо Ристович, Аҳтам Назаров («Истиқлол»), Михаил Конков, Андрей Козлов («Енисей»).

Аз майдон хориҷ шуд (бо ҳуқуқи иваз кардан): Дэвид Мавутор («Истиқлол»), 84 – корти 2-юми зард.

30 январ. Сиде (Анталия, Туркия). Тамрингоҳи маҷмааи варзишии «Амирхон».

XS
SM
MD
LG