Рӯзи 29-уми январ дар шаҳри Алматии Қазоқистон маросими ифтитоҳи Универсиадаи XXVIII ҷаҳонии зимистона баргузор шуд. Дар ин маросим раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суханронӣ карда, Универсиадаро кушода эълон намуд.
"Универсиада рамзи тарзи ҳаёти солим мегардад. Натиҷаи онро метавон ба барномаҳои давлатӣ оид ба таҳкими саломатии миллати мо баробар кард. Бесабаб нест, олими барҷаста Анҷелло Моссо чунин меҳисобид, ки варзиш садҳо доруро иваз мекунад, вале ягон дору дар ҷаҳон қобилияти иваз кардани варзишро надорад. Ва ин ҳақиқат аст", - иброз дошт Нурсултон Назарбоев.
Ба гуфтаи оқои Назарбоев, дар шаҳри Алматӣ барои аввалин бор дар таърихи универсиадаҳои зимистона деҳаи варзишӣ барои панҷ ҳазор одам бунёд ёфтааст, ки дар оянда ба маҳаллаи нав табдил меёбад ва иншооти сохташуда барои варзиши оммавӣ истифода хоҳад шуд.
Мусобиқот аз рӯи барномаи Универсиада дар ҳашт иншооти варзишӣ баргузор мешавад, ки дутои он – маҷмааҳои яхини "Алматӣ Арена" ва "Халик Арена" - махсус барои Универсиада сохта шудаанд. Дар Универсиада 3 ҳазор ихтиёриён хидмат мерасонанд. Барои тамошои Универсиада ба Алматӣ ҳудуди 30 ҳазор меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ташриф меоранд.
Дар ин бозиҳои донишҷӯёни олам беш аз ду ҳазор варзишгари аз 17 то 28-сола аз 55 кишвар ширкат доранд, ки барои 86 маҷмӯи ҷоизаҳо дар 12 намуди варзиш то рӯзи 8-уми феврал рақобат мекунанд.
Ба барномаи Универсиада-2017 биатлон, варзиши лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, ҷаҳиш аз трамплин, рақси рӯи ях, сноуборд, фристайл, шорт-трек ва ҳоккей дохиланд.
Дар ин мусобиқа се лижарон Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд
Муҳаммадшо Абдуллоев, дабири кулли Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон, рӯзи 30 январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки варзишгарони тоҷик барои аввалин бор дар Унивесиадаи ҷаҳонии зимистона дар риштаи лижаронии кӯҳӣ ширкат меварзанд.
Вай афзуд, “ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се лижарон – Соҳибназари Турсунмурод, Сайфиддини Низомиддин ва Дониёр Каримов, инчунин мураббӣ Саидакбар Эшонов шомиланд. Дар байни онҳо Соҳибназар пуртаҷриба аст. Зимнан, ӯ соли 2014 дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар Эрон сахт лат хӯрда буд. Баъди табобат вай ба тамрин шуруъ кард ва боз ба ҳайати дастаи мунтахаб дохил шуд.”
Оқои Абдуллоев, инчунин иттилоъ дод, ки дар айни ҳол ду варзишгари дигари тоҷик – Баракатулло Зокиров ва Баҳриддин Ғоибов – дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар Покистон иштирок доранд.
Ба қавли Муҳаммадшо Абдуллоев, варзишгарони тоҷик имсол боз дар як чорабинии бузург – Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ, ки аз 19 то 26 феврал дар шаҳри Саппорои Ҷопон баргузор мешаванд, ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, Универсиадаи зимистонаи соли 2015 дар шаҳрҳои Гранадаи Испания ва Штрбске-Плесе ва Осрблии Словакия баргузор шуда буд. Дар ҳисоби ғайрирасмии умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 56 медал, аз он ҷумла 20 нишони тилло, ғолиб гаштааст.
Универсиадаи XXIX ҷаҳонии зимистона соли 2019 дар Красноярски Русия барпо мегардад. Универсиадаи ҷаҳонии тобистона бошад, моҳи августи соли равон дар шаҳри Тайбейи Тайван доир хоҳад шуд.