Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамони футболи Афғонистон ба Душанбе омад


Тими «Шоҳин Осмоӣ», қаҳрамони футболи Афғонистон, ки барои бозии марҳилаи пешакии Ҷоми AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё)-2017 муқобили дастаи “Ҳосилот”-и Фархор, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, ба Душанбе омадааст, 26 январ аввалин тамрини худро дар пойтахти кишвар анҷом дод.

Ба иттилои Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ҳайати «Шоҳин Осмоӣ» дар меҳмонхонаи «Пойтахт» ҷой гирифтааст. Мутахассиси тоҷик Боир Игамбердиев, ки сармураббии қаҳрамони Афғонистон мебошад, ба Душанбе 18 бозигар овардааст.

Ёдовар мешавем, Федеросиюни футболи Афғонистон, ки ба иллати далоили амниятӣ бозиҳои байнулмилалиро дар кишвари худ доир карда наметавонад, Варзишгоҳи марказии Душанберо ба сифати майдони хонагиаш ҷиҳати баргузории бозии марҳилаи пешакии Ҷоми AFC-2017 барои бошгоҳи «Шоҳин Осмоӣ» интихоб кардааст.

Бозии аввали марҳилаи пешакии Ҷоми АFC-2017 миёни дастаҳои “Ҳосилот” ва “Шоҳин Осмоӣ” 31-уми январ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 15:30 шуруъ мешавад, ки бошгоҳи Афғонистон майдондор аст. Бозии ҷавобии ин дастаҳо дар ин варзишгоҳ 7-уми феврал соати 17:00 оғоз меёбад, ки мизбон бошгоҳи “Ҳосилот” мебошад.

Дастаи ғолиб дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон – «Балкан»-и Туркманистон рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии аввал 21-уми феврал, бозии ҷавобӣ 28-уми феврал барпо мегарданд.

Ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи «D» ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ мешавад.

Нархи билет барои тамошои ин бозиҳо дар ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ 10 сомонӣ муқаррар шудааст.

XS
SM
MD
LG