Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои мунтахаби Афғонистон дар Ҷоми Осиё дар Душанбе мегузаранд


Тими миллии Афғонистон, ки бар асоси қуръакашии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 ба гурӯҳи «С» дохил шудааст, бозии хонагиашро муқобили Ветнам дар Душанбе анҷом медиҳад. Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ мунтахаби Афғонистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Урдун, Ветнам ва Камбоҷа рақобат хоҳад кард.

Федеросиюни футболи Афғонистон, ки ба иллати далоили амниятӣ бозиҳои байнулмилалиро дар кишвари худ доир карда наметавонад, Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанберо ба сифати майдони худ ҷиҳати баргузории бозиҳои хонагиаш дар Ҷоми Осиё-2019 барои тими миллӣ интихоб кардааст.

Нахустин бозии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни тими миллии Афғонистон ва мунтахаби Ветнам 28-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, Федеросиюни футболи Афғонистон, инчунин Варзишгоҳи марказии Душанберо ба сифати майдони хонагиаш ҷиҳати баргузории бозии марҳилаи пешакии Ҷоми AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё)-2017 барои бошгоҳи «Шоҳин Осмоӣ» интихоб кардааст.

Бозии аввали марҳилаи пешакии Ҷоми АFC-2017 миёни дастаҳои Ҳосилот” – барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон ва “Шоҳин Осмоӣ” – қаҳрамони Афғонистон 31-уми январ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, ки бошгоҳи Афғонистон майдондор аст. Бозии ҷавобии ин дастаҳо дар ин варзишгоҳ 7-уми феврал сурат мегирад, ки мизбон бошгоҳи “Ҳосилот” мебошад.

Дастаи ғолиб дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон – «Балкан»-и Туркманистон рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии аввал 21-уми феврал, бозии ҷавобӣ 28-уми феврал барпо мегарданд.

Ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи «D» ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ мешавад.

XS
SM
MD
LG