Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти дувуми “Истиқлол” дар бозии санҷишӣ дар Туркия


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар доираи омодагиаш ба масими нави футбол дар шаҳри Анталияи Туркия рӯзи 23-юми январ дар дувумин бозии санҷишӣ аз тими «Қайсар»-и Қизилӯрдаи Қазоқистон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Ба иттилои Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, дар ин дидор ҳисобро дар дақиқаи 21-ум ҳамлагари «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов боз кард. Вале баъди се дақиқа Стефан Николич, бозигари “Қайсар”, аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ҳисобро баробар намуд. Голи дувуми қазоқҳоро Мақсад Бойҷонов дар дақиқаи 32-юм ба самар расонд. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 64-ум, Айбол Жахаев голи севумро ба дарвозаи “Истиқлол” ворид кард.

Ҳамин тариқ, «Истиқлол» дар дувумин бозии санҷишиаш дар Туркия аз тими “Қайсар” бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Ёдовар мешавем, «Истиқлол» дар доираи ҷамъомади таълимиву тамриниаш дар шаҳри Анталияи Туркия рӯзи 19-уми январ дар аввалин бозии санҷишӣ аз тими «Интер»-и Бокуи Озарбойҷон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуда буд.

Бозии севуми санҷишии «Истиқлол» дар Туркия рӯзи панҷшанбеи 26-уми январ бо бошгоҳи «Пандурий»-и Руминия баргузор мешавад.

Бозии санҷишӣ

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон) – «Қайсар» (Қизилӯрда, Қазоқистон) – 1:3

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 21 (1:0). Стефан Николич, 24 аз пеналтӣ (1:1). Мақсад Бойҷонов, 32 (1:2). Айбол Жахаев, 64 (1:3).

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Соҳиб Саванкулов (Артём Барановский, 46), Дэвид Мавутор, Муҳаммад Ҳасан, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Ромиш Ҷалилов (Дилшод Восиев, 50), Фаридун Шарифов (Сиёвуш Асроров, 8), Фатҳулло Фатҳуллоев (Табрези Давлатмир, 65), Ристо Ристович (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Соҳиб Саванкулов, Дэвид Мавутор, Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Ерасил Сейтханов («Қайсар»).

Аз майдон хориҷ шуд (бо ҳуқуқи иваз кардан): Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), 65.

Сардовар: Равон Ҳамзазода (Озарбойҷон).

19 январ. Белек (Анталия). Майдони эҳтиётии маҷмааи варзишии «Кая Палатсо».

XS
SM
MD
LG