Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии Тоҷикистон бар Ҳиндустон дар бозии охирини мусобиқаи Гранаткин


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи XXIX байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи муовини аввали раиси ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин дар бозии охиринаш бар дастаи Ҳиндустон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд ва дар ҷойи пешазохирин - 15-ум – қарор гирифт.

Голи ягонаро дар ин бозӣ, ки рӯзи 20-уми январ дар Маҷмааи варзишию консертии шаҳри Санкт-Петербурги Русия барпо гардид, Умарҷон Шарифов дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 80-ум, ба самар расонд. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 59-ум бозигари мунтахаби Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе корти сурх гирифт ва аз бозӣ хориҷ шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко, ки аз ҳисоби бозигарони соли таваллудашон 1999 ва аз он хурдтар таркиб ёфтааст, дар ин мусобиқа ҳамагӣ шаш бозӣ анҷом дод. Футболбозони ҷавони тоҷик дар ду бозӣ бар дастаҳои Юнон ва Ҳиндустон бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омада, як бозиро бо мунтахаби Эстония бо ҳисоби 1:1 анҷом доданд ва де се бозӣ аз тимҳои Булғористон бо ҳисоби 0:1, Беларус аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 6:7 ва Литва аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 4:5 мағлуб гаштанд.

Ғолиби мусобиқаи XXIX байналмилалӣ шаби шанбеи 21-уми январ дар бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Қазоқистон ва Русия маълум хоҳад шуд.

14 январ (шанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-16-ум

Тоҷикистон – Беларус – 0:0 (аз рӯи пеналтӣ – 6:7)
Ҳиндустон – Эстония - 1:2

15 январ (якшанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-16-ум
Литва – Молдова – 2:2 (аз рӯи пеналтӣ – 3:4)
Эрон – Озарбойҷон – 0:1

Бозиҳои чорякниҳоӣ
Юнон– Латвия – 0:0 (аз рӯи пеналтӣ – 8:7)
Русия – Булғористон – 3:0

16 январ (душанбе)

Бозиҳои чорякниҳоӣ
Қазоқистон – Словения - 2:0
Санкт-Петербург – Словакия - 1:1 (замони изофӣ – 3:2)

17 январ (сешанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 13-16-ум
Тоҷикистон – Литва – 0:0 (аз рӯи пеналтӣ – 4:5)
16:15 - Ҳиндустон – Эрон – 0:1

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-12-ум
18:30 – Беларус – Молдова – 4:0
21:00 —Эстония – Озарбойҷон – 0:3

18 январ (чоршанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 5-8-ум

14:00 – Латвия – Словения – 2:1

16:15 – Булғористон – Словакия – 1:3

Бозиҳои ниманиҳоӣ

18:30 – Юнон – Қазоқистон – 1:2

21:00 – Русия – Санкт-Петербург – 4:1

20 январ (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷойҳои 15-16-ум

14:00 – Тоҷикистон – Ҳиндустон – 1:0

Бозӣ барои ҷойҳои 13-14-ум

16:15 – Литва – Эрон

Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум

18:30 – Молдова – Эстония

Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум

21:00 – Беларус – Озарбойҷон

21 январ (шанбе)

Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум

13:00 - Словения – Булғористон

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

15:15 – Латвия - Cловакия

Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

17:30 – Юнон – Санкт-Петербург

Бозии ниҳоӣ

21:00 – Қазоқистон - Русия

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG