Пайвандҳои дастрасӣ

Ба дархости “Ҳосилот” барои иштирок дар Ҷоми AFC 20 бозигар дохил шуд


Рӯйхати бозигарони дастаи “Ҳосилот”-и Фархор, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 бо тими “Шоҳин Осмоӣ”, қаҳрамони Афғонистон, маълум шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба дархости бошгоҳи «Ҳосилот» 20 бозигар – 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – дохил шудаанд. Дар ин рӯйхат чаҳор нафарашон легионер мебошанд: Мӯсо Содиқ, Акуффо Гершон Квеси ва Агблей Ҷонс аз Гана, инчунин Сайриддин Ғаффоров аз Узбакистон.

Тибқи дастури мусобиқа, як ҳафта пеш аз бозии аввали марҳилаи пешакӣ «Ҳосилот» метавонад ба дархосташ боз панҷ бозигарро илова намояд. Дар мавриди роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 “Ҳосилот” метавонад боз панҷ бозигари дигарро ба дархост илова созад. Дар ҷараёни давраи дархостдиҳӣ ҳар як бошгоҳ метавонад ба рӯйхати бақайдгирӣ на бештар аз 30 бозигарро дохил намояд.

Дархости «Ҳосилот» барои иштирок дар Ҷоми AFC-2017:

Дарвозабонҳо: Рустам Ризоев, Фатҳулло Бобоев;

Ҳимоятгарон: Мӯсо Содиқ (Гана), Ойбек Абдуғаффоров, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Эраҷ Раҷабов, Баҳром Изомов, Хайрулло Азизов;

Нимҳимоятгарон: Сайриддин Ғаффоров (Узбакистон), Акуффо Гершон Квеси (Гана), Муҳаммадҷони Ҳасан, Абдурасул Раҳмонов, Иброҳим Рабимов, Абдусамад Ҳоҷибоев, Шаҳзод Давлатов;

Ҳамлагарон: Агблей Ҷонс (Гана), Наврӯз Рустамов, Шодибек Ғаффоров, Сайдалии Сафаралӣ.

Ёдовар мешавем, бозии аввали марҳилаи пешакии Ҷоми АFC-2017 миёни дастаҳои «Ҳосилот» ва «Шоҳин Осмоӣ» 31-уми январ соати 15:30 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шуруъ мешавад. Довари ФИФА Дмитрий Машентсев аз Қирғизистон сардовари бозии аввал таъин шудааст.

Бозии ҷавобӣ байни ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе 7-уми феврал соати 17:00 оғоз меёбад. Бозии ҷавобиро эрониҳо доварӣ мекунанд. Довари ФИФА Моуд Бунёдифарди 31-сола сардовари бозӣ таъин шудааст.

Агар дастаи «Ҳосилот» бар қаҳрамони Афғонистон пирӯз шавад, дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон – «Балкан»-и Туркманистон рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии аввал 21-уми феврал, бозии ҷавобӣ 28-уми феврал барпо мегарданд.

Ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи «D» ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ мешавад.

Ҷоми AFC-2017

Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум
14 март (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби плей-офф
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Ғолиби плей-офф – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)
Ғолиби плей-офф – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – Ғолиби плей-офф

Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
Ғолиби плей-офф – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – Ғолиби плей-офф

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG