Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доварони бозии аввали “Ҳосилот” бо “Шоҳин Осмоӣ” дар Ҷоми AFC таъин шуданд


Довари ФИФА Дмитрий Машентсеви 40-сола аз Қирғизистон сардовари бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 миёни дастаҳои “Ҳосилот” – барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон ва “Шоҳин Осмоӣ” – қаҳрамони Афғонистон таъин шудааст.

Довари ФИФА Дмитрий Машентсеви 40-сола аз Қирғизистон сардовари бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 миёни дастаҳои “Ҳосилот” – барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон ва “Шоҳин Осмоӣ” – қаҳрамони Афғонистон таъин шудааст.

Ба ӯ ёварони довари ФИФА Лим Кок Хенги 41-сола аз Сингапур ва Моҳд Шоҳрин Бин Че Умари 33-сола аз Малайзия кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи довари ФИФА Муҳаммад Ҷовизи 31-сола аз Молдив вогузор шудааст. Викраматунга Саманаратхна Мухандирамг Нимал аз Шри-Ланка нозири доварон ва Саид Ал-Масрӣ аз Сурия комиссари бозӣ таъин шудаанд.

Ёдовар мешавем, бозии аввали марҳилаи пешакии Ҷоми АFC-2017 миёни дастаҳои «Ҳосилот» ва «Шоҳин Осмоӣ» 31-уми январ соати 15:30 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шуруъ мешавад.

Бозии ҷавобӣ байни ин дастаҳо дар ин варзишгоҳ 7-уми феврал соати 17:00 оғоз меёбад. Бозии ҷавобиро эрониҳо доварӣ мекунанд. Довари ФИФА Моуд Бунёдифарди 31-сола сардовари бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Саид Алинажодиёни 40-сола ва Алӣ Мирзобейгии 36-сола кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи довари ФИФА Ҳайдари Паёми 29-сола вогузор шудааст. Аҳмад Яъқуб Муҳамаммад Ҷумъа аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон ва Жаргал Суҳбаатар аз Муғулистон комиссари бозӣ таъин шудаанд.

Агар дастаи «Ҳосилот» бар қаҳрамони Афғонистон пирӯз шавад, дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон – «Балкан»-и Туркманистон рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии аввал 21-уми феврал, бозии ҷавобӣ 28-уми феврал барпо мегарданд.

Ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи «D» ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ мешавад.

Ҷоми AFC-2017

Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум
14 март (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби плей-офф
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Ғолиби плей-офф – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)
Ғолиби плей-офф – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – Ғолиби плей-офф

Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
Ғолиби плей-офф – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – Ғолиби плей-офф

XS
SM
MD
LG