Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар Душанбе мегузарад


Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Душанберо макони баргузории мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби миллии занона тасдиқ кард.

Қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби миллии занона 21 январ дар Умон баргузор мешавад. Ба ҷуз мунтахаби Тоҷикистон, дар мусобиқаи интихобӣ дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Урдун, Мянмар, Тайван, Узбакистон, Филиппин, Ҳонконг, Лубнон, Баҳрайн, Эрон, Ҳиндустон, Фаластин, Кореяи Шимолӣ, Гуам, Ироқ, Сингапур, Сурия ва Имороти Муттаҳидаи Араб ширкат меварзанд.

Дастаи мунтахаби занонаи Урдун, ки ба ҳайси мизбони Ҷоми Осиё-2018 мустақиман ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтааст, дар сабқати нитихобӣ берун аз озмун иштирок мекунад. Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ чор гурӯҳ таъсис меёбад, ки сетоаш аз панҷдастаӣ ва яктоаш аз шаш даста иборат аст. Сабқати интихобӣ аз 3 то 12 апрел дар Тоҷикистон, Фаластин, Кореяи Шимолӣ ва Ветнам барпо мегардад.

Ғолибони чор гурӯҳи сабқати интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 роҳхат мегиранд. Ба ғайр аз Урдун, се дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки соли 2014 дар Ветнам доир шудааст, яъне Ҷопон, Австралия ва Чин, ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ мушарраф шудаанд.

XS
SM
MD
LG