Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти Тоҷикистон аз Булғористон дар мусобиқаи Гранаткин


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар мусобиқаи XXIX байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин ноиби президенти ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин рӯзи 10 январ дар гурӯҳи «А» дар бозии дувумаш дар Санкт-Петербург аз мунтахаби Булғористон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро дар дақиқаи 43-юм Николов ба ҳадаф расонд.

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ дар дақиқаи 56-ум бозигари мунтахаби Булғористон Вакадинов корти сурх гирифт ва аз майдон хориҷ шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур рӯзи 8 январ дар нахустин бозиаш бар мунтахаби Юнон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Голро Эҳсони Панҷшанбе аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ дар дақиқаи 55-ум ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари даври дувуми сабқати гурӯҳи “А” 10 январ мунтахаби Юнон дастаи Эстонияро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври дувум дар ин гурӯҳ мунтахаби Булғористон бо 4 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои Юнон ва Тоҷикистон сеимтиёзӣ доранд. Мунтахаби Эстония як имтиёз гирифтааст.

Бозии ниҳоии мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ 12-уми январ бо дастаи Эстония баргузор мешавад. Ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ дар Маҷмааи варзишию консертии шаҳри Санкт-Петербурги Русия то 21-уми январ идома хоҳад кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби ҷавонони кишвар таҳти раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко, ки аз ҳисоби бозигарони соли таваллудашон 1999 ва аз он хурдтар таркиб ёфтааст, 18 бозигар – 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар дохиланд.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ ба ҷуз мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дастаҳои Русия, Словакия, Юнон, Озарбойҷон, Булғористон, Ҳиндустон, Эрон, Словения, Беларус, Қазоқистон, Эстония, Латвия, Литва, Молдова, инчунин тими шаҳри Санкт-Петербург иштирок доранд. Бар асоси дастури мусобиқа, дар марҳилаи аввал 16 даста ба чор гурӯҳ тақсим шудааст.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои якум ва дувумро ишғол мекунанд, ҷуфтҳои чорякниҳоиро ташкил медиҳанд ва барои ҷойҳои аз 1-ум то 8-ум мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои севум ва чорумро мегиранд, барои ҷойҳои аз 9-ум то 16-ум талош хоҳанд кард. Дар марҳилаи дувуми мусобиқа бозиҳо аз рӯи системи плей-офф то комилан тақсимшавии ҷойҳо сурат мегирад.

Дар мавриди ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» – Латвия, Беларус, Русия ё Ҳиндустон - рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар мусобиқаи ёдбуди Валентин Гранаткин:
Дарвозабонҳо: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Ҳомиҷон Исоқов («Вахш»);
Ҳимоятгарон: Ҳусейн Нурматов, Ҳувайдо Малиев, Ваҳдат Ханонов (ҳарсе – «Барқчӣ»), Султоншо Мирзоев, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Манучеҳр Сафаров (ҳарсе – «Помир»), Оятулло Сафаров («Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон: Кароматулло Саидов, Зиёвуддин Фузайлов, Далер Ёдгоров (ҳарсе– «Барқчӣ»), Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Саидмухтор Азимов («Помир»), Умарҷон Шарифов («Вахш»);
Ҳамлагарон: Нуриддин Ҳамроқулов («Барқчӣ»), Шаҳром Самиев («Помир»), Шериддин Бобоев («Истиқлол»).

Мусобиқаи ёдбуди Валентин Гранаткин
Ҳайатҳои гурӯҳҳо:
Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Юнон, Булғористон, Эстония.
Гурӯҳи «В»: Латвия, Беларус, Русия, Ҳиндустон.
Гурӯҳи «С»: Литва, Озарбойҷон, Словакия, Қазоқистон.
Гурӯҳи «D»: Молдова, Словения, Санкт–Петербург, Эрон.

Тақвими бозиҳои сабқати гурӯҳӣ:
8 январ (якшанбе)
Тоҷикистон – Юнон – 1:0
Булғористон – Эстония - 0:0
Латвия – Беларус - 2:2
Русия – Ҳиндустон – 8:0

9 январ (душанбе)
Литва – Озарбойҷон – 2:1
Словакия – Қазоқистон – 0:0
Молдова – Словения – 0:0
Санкт-Петербург – Эрон – 2:1

10 январ (сешанбе)
Эстония – Юнон – 0:4
Булғористон – Тоҷикистон – 1:0
18:30 – Ҳиндустон – Беларус
21:00 – Русия – Латвия

11 январ (чоршанбе)
14:00 – Қазоқистон – Озарбойҷон
16:15 – Словакия – Литва
18:30 – Эрон – Словения
21:00 – Санкт-Петербург – Молдова

12 январ (панҷшанбе)
14:00 – Тоҷикистон – Эстония
16:15 – Юнон – Булғористон
18:30 – Латвия – Ҳиндустон
21:00 – Беларус – Русия

13 январ (ҷумъа)
14:00 – Литва – Қазоқистон
16:15 – Озарбойҷон – Словакия
18:30 – Молдова – Эрон
21:00 – Словения – Санкт-Петербург

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе

XS
SM
MD
LG