Мавсими нави варзишӣ дар Маҷмааи лижаронии кӯҳии “Сафед-Дара”, ки дар ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, бо мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон шуруъ шуд. Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба лижаронии кӯҳӣ беш аз 50 варзишгар мувофиқи синну солашон дар панҷ гурӯҳ рақобат карданд.
Дар гурӯҳи варзишгарони соли таваллудашон 1999 Баракатулло Зокиров ғолиб шуд. Саидшариф Эшонов дар байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2000-2001 мақоми аввалро касб кард. Маҳмудҷон Эшонов дар миёни наврасони солҳои таваллудашон 2002-2003 пирӯз шуд. Ҷаҳонгир Аҳёнзода дар гурӯҳи варзишгарони солҳои таваллудашон 2004-2005 аввалин шуда ба марра расид. Маъруфҷони Миралӣ дар байни хурдсолон (2006 ва аз он хурд) ғолиб омад.
Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва дабири кулли Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон, рӯзи 6-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар айни ҳол варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ, ки аз 19-ум то 26-уми феврали соли 2017 дар шаҳри Саппорои Ҷопон баргузор мешавад, дар Маҷмааи лижаронии кӯҳии “Сафед-Дара” омодагӣ мегиранд.”
Ба гуфтаи оқои Абдуллоев, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Баҳриддин Ғоибов, Баракатулло Зокиров, Сайфиддини Низомиддин ва Соҳибназари Турсунмурод дохиланд. Варзишгарони тоҷик дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъҳои слаломи хурд ва слаломи бузург ширкат хоҳанд кард.