Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии “Истиқлол” бо “Ҳосилот” дар бозии санҷишӣ


Бозии санҷишӣ байни тимҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва “Ҳосилот”-и Фархор», ки дар доираи омодагии ҳарду даста ба Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 рӯзи 27-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расид.

Голҳои «Истиқлол»-ро Нозим Бобоҷонов ва Ҷаҳонгир Алиев ба самар расонданд. Ду голи «Ҳосилот»-ро Муҳаммадҷони Ҳасан ва Сафаралӣ Каримов (аз пеналтӣ) заданд. Бояд гуфт, ки ин аввалин бозии «Истиқлол» таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Мӯҳсин Муҳаммадиев буд.

Дастаи “Ҳосилот” бошад, бо роҳбарии сармураббӣ Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев пеш аз ин дидор, дар аввалин бозии санҷишӣ, ки 23-юми декабр дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо гардид, бар ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд (голҳо: Шодибек Ғаффоров, 47 (1:0). Фурӯғ Қодиров, 67 – ба дарвозаи худ (2:0).

Бозии санҷишӣ

«Истиқлол» – «Ҳосилот» – 2:2

Голҳо: Нозим Бобоҷонов, 12 (1:0). Муҳаммадҷони Ҳасан, 24 (1:1). Ҷаҳонгир Алиев, 35 (2:1). Сафаралӣ Каримов, 50 – аз пеналтӣ (2:2).

«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев (Беҳрӯз Хайриев, 46), Соҳиб Саванкулов (Сиёвуш Асроров, 46), Петро Ковалчук (Масеҳ Саидғанӣ, 46), Аҳтам Назаров, Дилшод Восиев (Табрези Давлатмир, 46), Дэвид Мавутор, Амирбек Ҷӯрабоев (Фаридун Шарифов, 57), Манучеҳр Ҷалилов, Нозим Бобоҷонов (Ромиш Ҷалилов, 54), Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Шаҳром Сулаймонов, 62).

«Ҳосилот» (Фархор): Фатҳулло Бобоев (Рустам Ризоев, 46), Ойбек Абдуғаффоров, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов (Ҳикматулло Расулов, 46), Мӯсо Содиқ (Абдурасул Раҳмонов, 46), Абдусамад Ҳоҷибаев (Хайрулло Азизов, 46), Майкл (Бахтиёр Қаландаров, 46), Муҳаммадҷони Ҳасан (Саидхони Амрохон, 46), Акуффо Гершон (Наврӯз Рустамов, 46), Иброҳим Рабимов, Агблей Ҷонс (Шодибек Ғаффоров, 46).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Огоҳонида шуданд: Беҳрӯз Хайриев, Масеҳ Саидғанӣ («Истиқлол»), Иброҳим Рабимов («Ҳосилот»).

27 декабр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 400 тамошобин.

XS
SM
MD
LG