Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, дар сафари нахустинаш ба Узбакистон баъди ба курсии президентӣ нишастани Шавкат Мирзиёев, хостори аз байн бурдани ҳамагуна маҳдудиятҳо миёни ду кишвар шуд. Отамбоев гуфт, ҳоло марҳилаи мубориза барои истиқлол ба поён расидааст ва бояд тамоми нерӯ ба боло бурдани иқтисод ва рушди муносибатҳо сарф шавад. "Бояд ҳамагуна маҳдудият ва монеаҳои зиёдатӣ рафъ гарданд", - таъкид дошт ӯ.
Ҳоло Узбакистон майли худро барои беҳбуд бахшидани равобит бо Тоҷикистон, ҳамсояи девор ба девори дигари худ, низ баён кардааст.
Боздиди Алмосбек Отамбоев аз Узбакистон рӯзи 24 декабр ва аз зиёрати қабри Ислом Каримов дар Самарқанд оғоз шуд. Дар ин сафар Отамбоевро раиси ҷумҳури тозаинтихоби Узбакистон – Шавкат Мирзиёев – ҳамроҳӣ карда ва гуфтааст, Каримов ният дошт, ки моҳи сентябри имсол ба Бишкек равад, вале орзуяш амалӣ нашуд.
Вай афзудааст, "имрӯз шумо аз президенти нахустини Узбакистон ёдоварӣ кардед. Ҳамаи он чизе, ки гуфта буд, бояд иҷро кунем. Дар давоми се моҳи гузашта ҳайати расмии шумо ба кишвари мо ва ҳайати мо ба Қирғизистон рафтанд. Бояд рушди муносибатҳо идома кунад."
Алмосбек Отамбоев ва Шавкат Мирзиёев дар сӯҳбатҳои расмӣ дар баробари масоили муҳими байналмилалӣ ва минтақа, инчунин, равобити ду кишварро баҳс кардаанд. Отамбоев гуфтааст, ҳар замон ба раҳбари худ ниёз дорад ва Шавкат Мирзиёев нафарест, ки мардуми Узбакистон интизораш буданд. Вай ёдоварӣ кардааст, ки дар гузашта дар замони хонигарии Қӯқанд мардуми ду кишвар ҳеҷ сарҳад надоштанд ва таъкид кардааст, "бояд коре кунем, ки мардум вуҷуди марзҳоро эҳсос накунанд."
Моҳи октябри имсол як ҳайати иборат аз 140 нафар ба раҳбарии Адҳам Икромов, муовини нахуствазири Узбакистон ба Қирғизистон рафта буданд, то ҳамкории солҳои охир ба сардӣ гароидаи ду ҳамсояи девор ба деворро беҳбуд бахшанд. Аз ин пеш, ҳайати 130-нафарии Қирғизистон аз ҷониби мақомоти Узбакистон дар гузаргоҳи марзии "Дӯстук" самимӣ ва онгуна истиқбол шуданд, ки дар чанд соли гузашта дида нашудааст.
Дар поёни сафари ҳайатҳо намояндагони ду тараф ба сари мизи корӣ нишаста, масъалаи ҳамкориро низ баррасӣ карданд ва ёддоштеро ба имзо расонданд. Муҳаммадқалий Абдуғозиев, муовини нахуствазири Қирғизистон гуфта буд, ин ёддошт мақомоти маҳаллии наздимарзиро муваззаф мекунад, ки дар як моҳ як бор ҷамъ шуда, мушкилҳоро баррасӣ намоянд.
Миёни Қирғизистону Узбакистон мушкилоте мисли таъйин ва аломатгузории марз ва рафтуомади тиҷоратӣ вуҷуд доранд, ки аз мушкилоти ҳалталаби байни ду кишвар ба шумор мераванд.
Ҳоло Узбакистон майли худро барои беҳбуд бахшидани равобит бо Тоҷикистон, ҳамсояи девор ба девори дигари худ, низ баён кардааст. То кунун вазири умури хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов ва як ҳайати тоҷирони он кишвар ба Душанбе ва Суғд омада, роҳҳои беҳбуд бахшидани равобитро баррасӣ намудаанд. Ахиран Тошканду Душанбе барои азсаргирии парвозҳо тавофуқ карда, як ҳайати расмии Тоҷикистон дар Узбакистон масъалаи таъйину аломатгузории марзҳоро баррасӣ намудааст.