Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бозии Тоҷикистон бо Юнон дар мусобиқаи Гранаткин 


Тақвими бозиҳои мусобиқаи XXIX байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин ноиби президенти ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин, ки аз 8 то 21 январи соли оянда дар Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, тасдиқ шуд. Дар ин мусобиқаи анъанавӣ ба ҷуз мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон, дастаҳои Русия, Словакия, Юнон, Озарбойҷон, Булғористон, Ҳиндустон, Эрон, Словения, Беларус, Қазоқистон, Эстония, Латвия, Литва, Молдова, инчунин тими шаҳри Санкт-Петербург иштирок мекунанд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии Виталий Левченко, ки аз ҳисоби бозигарони соли таваллудашон 1999 ва аз он хурдтар таркиб ёфтааст, дар ин мусобиқа дар гурӯҳи «А» нахустин бозиашро 8-уми январ бо дастаи Юнон анҷом медиҳад. Футболбозони ҷавони тоҷик баъдан, 10 январ, бо мунтахаби Булғористон рақбат мекунанд. Бозии ниҳоии мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ 12-уми январ бо дастаи Эстония баргузор мешавад.

Дар мавриди ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» – Латвия, Беларус, Русия ё Ҳиндустон рӯбарӯхоҳад шуд.

Бар асоси дастури мусобиқа, дар марҳилаи аввал 16 даста ба чор гурӯҳ тақсим мешавад. Мусобиқаи марҳилаи аввал аз рӯи системи даврӣ барпо мегардад, яъне ҳар як даста бо тимҳои дигари гурӯҳ як бозӣ анҷом медиҳад. Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳҳо аз рӯи имтиёзҳои дар ҳамаи бозиҳо бадастоварда муайян карда мешавад (ғалаба – 3 имтиёз, мусовӣ – 1 имтиёз, бохт – 0 имтиёз).

Дар марҳилаи дувуми мусобиқа бозиҳо аз рӯи системи плей-офф то комилан тақсимшавии ҷойҳо сурат мегирад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои якум ва дувумро ишғол мекунанд, ҷуфтҳои чорякниҳоиро ташкил медиҳанд ва барои ҷойҳои аз 1-ум то 8-ум мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои севум ва чорумро мегиранд, барои ҷойҳои аз 9-ум то 16-ум талош хоҳанд кард.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи ёдбуди Валентин Гранаткин:

Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Юнон, Булғористон, Эстония.

Гурӯҳи«В»: Латвия, Беларус, Русия, Ҳиндустон.

Гурӯҳи «С»: Литва, Озарбойҷон, Словакия, Қазоқистон.

Гурӯҳи «D»: Молдова, Словения, Санкт-Петербург, Эрон.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба аввалин ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки 14-уми декабр дар Душанбе шуруъ шуд, ситоди мураббиёни мунтахаби ҷавонон 29 бозигар – 4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст. Ба ҳайати ниҳоии даста, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Санкт-Петербург иштирок мекунад, 18 бозигар дохил мешавад.

XS
SM
MD
LG