Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони соли таваллудашон 1999 ва аз он хурдтар таркиб ёфтааст, дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи аввалин ноиби президенти ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Юнон, Булғористон ва Эстония рақобат мекунад.
Мусобиқаи XXIX байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи Валентин Гранаткин бо ширкати 16 даста аз 8-ум то 21-уми январ дар Маҷмааи варзишию консертии шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад. Тақвими бозиҳо дертар нашр хоҳад шуд.
Ба ҷуз мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи анъанавӣ дастаҳои Русия, Словакия, Юнон, Озарбойҷон, Булғористон, Ҳиндустон, Эрон, Словения, Белорус, Қазоқистон, Эстония, Латвия, Литва ва Молдова, инчунин тими шаҳри Санкт-Петербург ширкат меварзанд.
Бар асоси дастури мусобиқа, дар марҳилаи аввал 16 даста ба чор гурӯҳ тақсим мешавад. Мусобиқаи марҳилаи аввал аз рӯи системи даврӣ барпо мегардад, яъне ҳар як даста бо тимҳои дигари гурӯҳ як бозӣ анҷом медиҳад. Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳҳо аз рӯи имтиёзҳои дар ҳамаи бозиҳо бадастоварда муайян карда мешавад (ғалаба – 3 имтиёз, мусовӣ – 1 имтиёз, бохт – 0 имтиёз).
Дар марҳилаи дувуми мусобиқа бозиҳо аз рӯи системи плей-офф то комилан тақсимшавии ҷойҳо сурат мегирад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои якум ва дувумро ишғол мекунанд, ҷуфтҳои чорякниҳоиро ташкил медиҳанд ва барои ҷойҳои аз 1-ум то 8-ум мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои севум ва чорумро мегиранд, барои ҷойҳои аз 9-ум то 16-ум талош хоҳанд кард.
Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи ёдбуди Валентин Гранаткин:
Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Юнон, Булғористон, Эстония.
Гурӯҳи«В»: Латвия, Беларус, Русия, Ҳиндустон.
Гурӯҳи «С»: Литва, Озарбойҷон, Словакия, Қазоқистон.
Гурӯҳи «D»: Молдова, Словения, Санкт-Петербург, Эрон.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба аввалин ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки 14-уми декабр дар Душанбе шуруъ шуд, ситоди мураббиёни мунтахаби ҷавонон 29 бозигар – 4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст. Ба ҳайати ниҳоии даста, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Санкт-Петербург иштирок мекунад, 18 бозигар дохил мешавад.
Ҳайати васеи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18):
Дарвозабонҳо: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Ҳомид Исоқов («Вахш»), Меҳвар Сулаймонов («Истиқлол»), Хисрав Раҳимов («Саройкамар»);
Ҳимоятгарон: Султоншо Мирзоев («Помир»), Зиёвуддин Фузайлов, Ҳусейн Нурматов, Ҳувайдо Малиев, Ваҳдат Ханонов (ҳарчор – «Барқчӣ»), Маҳмадзарифи Абдураҳим, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – «Помир»), Оятулло Сафаров («Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон: Кароматулло Саидов («Барқчӣ»), Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев, Шаҳбоз Шарифӣ (ҳарсе – «Истиқлол»), Саидмухтор Азимов, Фаридун Неъматов, Шервонӣ Мабатшоев, Шаҳзод Давлатов (ҳама – «Помир»), Далер Ёдгоров («Барқчӣ»), Умарҷон Шарифов, Валӣ Зарифов (ҳарду – «Вахш»), Сорбон Афғонов («Панҷшер»);
Ҳамлагарон: Нуриддин Ҳамроқулов («Барқчӣ»), Аваз Қамчинов («Равшан»), Шаҳром Самиев, Тоҳир Маладӯстов (ҳарду – «Помир»), Мубинҷон Муъминов («Хуҷанд»).
Мо ба кӯдакони худ Қуръон ро омӯзем ва ба дин шиноси ҷалб кунем иншоаллоҳ ин дар ояндаи кӯдак хеле фоидаовар мебошам ҳам барои падару модар ҳам барои охирати кӯдак. Афсӯс қонуне тасвиб шуд ки ин ҳам ба охирати кӯдак ҳам барои падару модари кӯдак зид мебошад яъне то 18 ба масҷид рафтан маън аст астағфируллоҳ мо ҳамаамон мемурем бояд ай Аллоҳ тарсем чун мо мусулмон ном дорем мусулмон ҳастем вале афсӯс намефаҳман ҳукуматдорон
Дар ин миллат мушохида кунед ин давлат на ин, ки 10-сол 30-сол шуд аз ухдаи тарбия ва таълим баромада тонист на падару модар, бахшиш хама фарзанд доред мушохида карда бошед назари худро нависед, шахсан ман натавонистам.
Тааччубовар дар он ки мардум мехаранд бо хамин нарх. Значить пул доранд, бою бадавлатанд.
САЛОМ БА ОЗОДИ ХОҲОНИ ОЗОДИ !АЗ РУЗЕ КИ ҚОНУН БАРОМАД, КУДАКОН ВАҲШИ ГАШТАНД , НОГУФТА НАМОНАД ; ҶАВОНОНЕ БУДАНД КИ АЗ ВОЛИДАЙН НЕ БАЛКИ ТАРБИЯ РО АЗ МАСҶИД ОМУХТАНД ' ХУДО ТАРС ШУДАНАШОН ОНҲО РО ВОДОР СОХТ ТО ЭҲТИРОМИ ВОЛИДАЙНУ УСТОДОНИ ХУДРО Ё ҲАҚҚИ ҲАМСОЯ ГАРИ ВА ХЕШУТАБОРИ РО БАҶО БИЁРАНД , ИН ҚОНУН КАЙҲО БОЯД ДИГАР МЕШУД . ТАШАККУР
Ваъда хилофӣ барои баъзеҳо ифтихор ва обуруй ба ҳисоб меравад. Мардуми осиёи миёна мард ҳастан нисбат ба ғарбиҳо ва ғайра бо номард набояд музокира кард. Миллати тоҷик ҳушёр бошед, ки ғарб мороҳам мисли худашон накунанд бо ин ҳама таблиғи расона. Мо мард ҳастем ва мард хоҳем рафт.