Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ молу маҳсулотро қочоқ мекунад?


Бар асоси тағйироте, ки ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ворид гардид, қочоқбарони молу маҳсулот ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва маҳрумият аз озодӣ маҳкум хоҳанд шуд. То ҳол барои содир кардани ҷиноятҳои марбут ба қочоқ танҳо ҷазои маъмурӣ, яъне пардохти ҷарима пешбинӣ мешуд.

Ҳотам Назарзода, муовини аввали додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 14 декабр дар иҷлосияи парлумон гуфт, бар асоси тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, фарде, ки давоми сол муртакиби ҷинояти қочоқ ва маҳкум ба ҷазои маъмурӣ шудааст, дар сурати такрор кардани ин ҷиноят, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.

Ҷаноби Назарзода ҳадаф аз ин иқдомро решакан сохтани ҷиноятҳои марбут ба қочоқи молу маҳсулот ва ғанӣ гардондани будҷа давлати Тоҷикистон хонд. Назарзода гуфтааст, ки таҳлилҳо собит мекунад, ки “арзиши молу маҳсулоти қисми зиёди шахсони барои қочоқ дастгиршуда то 200 ҳазор сомониро ташкил намуда” ва аксарият қочоқчиёни собиқадор мебошанд.

Ба иттилои мақомоти додситонӣ, дар солҳои ахир мавориди қочоқи молу маҳсулот тариқи марзи кишвар бештар шуда ва аксари он дар қисмати марзи вилояти Суғд бо кишварҳои ҳамсоя, бахусус Қирғизистон ба мушоҳида расидааст. Ин амр ба иҷрои нақшаи воридоти боҷи гумрукӣ асари манфӣ гузоштааст.

Бар асоси маълумоти Додситонии кулли Тоҷикистон, танҳо дар моҳи апрели соли ҷорӣ гурӯҳи кории иборат аз кормандони ниҳодҳои қудратӣ дар ин вилоят 102 ҳодисаи қочоқи молу маҳсулотро ошкор карда ва аз ҳисоби ҷаримаҳо ба будҷа ба миқдори 1 миллиону 920 ҳазор сомонӣ ворид кардаанд. Нисбати 71 нафаре, ки даст ба қочоқ задаанд, парвандаҳои маъмурӣ боз шудааст.

Яке аз маҳсулоти аслии қочоқшаванда - маводи сӯхт ё бензин будааст, ки аз қаламрави Қирғизистон ворид мешавад. Аз ҷумла, моҳи март дар марзи вилояти Бодканд аз қочоқи 60 тонна бензин, 400 тонна ғизои ҳайвонот ва 30 тонна нурии минералӣ ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ шудааст.

Масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон, далели афзоиши мавориди қочоқи молу маҳсулот дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Қирғизистонро ба пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё марбут хондаанд, ки дар пайи он, воридоту содироти молу маҳсулот тавассути Қирғизистон ба Қазоқистону Русия бидуни пардохт боҷи гумрукӣ сурат мегирад ва ин амр ба коҳиши қобили мулоҳизаи молу маҳсулот, назири бензин, нуриҳои минтералӣ, гази моеъ ва ғайрадар ин кишвар мунҷар шудааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, мизони молу маҳсулоти қочоқии ошкоршуда даҳҳо миллион сомониро ташкил медиҳанд. Масалан, танҳо дар ҷараёни гузарондани амалиёти вижаи ҷустуҷӯӣ аз дафтари муассисаи “Азия-Сет” дар шаҳри Душанбе, 753 адад телефонҳои мобайлро мусодира шудааст, ки арзиши умумии онҳо 1 миллиону 824 ҳазору 841 сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Шокирҷон Ҳакимов.
Шокирҷон Ҳакимов.

Нисбати ин ҳодиса бо моддаи 289, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне, “қочоқ” парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва барои тафтиши баъдӣ ба Додситонии кулли Тоҷикистон ирсол гардидааст. Тибқи ин модда барои омили ҷиноят аз 250 то 912 нишондиҳанда ҷарима (як нишондиҳанда 40 сомонӣ) ё ба муддати то 5 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Ҳуқуқдони мустақил Шокирҷон Ҳакимов ин иқдоми ниҳодҳои қудратиро дар ҳимояи манфиатҳои иқтисоди миллӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кард. Ба эътиқоди ӯ, сахттар шудани ҷазо барои чунин ҷиноят мумкин аст доираи ҷинояти марбут ба қочоқи молу маҳсулотро тангтар карда, аз андозу дигар пардохтҳо гурехтани соҳибкорону тоҷирон коҳиш ёбад. Ҳамзамон, ҷаноби Ҳакимов таъкид кард, ки агар дар ростои мубориза бо қочоқи молу маҳсулот ниҳодҳои қудратӣ аз меъёрҳои дугона кор гирифта ва агар муносибат ба соҳибкорон ба таври “худӣ ва бегона” сурат гирад, мубориза алайҳи қочоқ натиҷаҳои дилхоҳ нахоҳад дод.

Шокирҷон Ҳакимов гуфт: “Чун дар Тоҷикистон монополияи доираҳои муайян ба фаъолияти иқтисодӣ вуҷуд дорад, табиати фасод ба ҳокимият вобастагӣ дорад ва бархе бо намояндагони сатҳҳои гуногуни ҳокимият ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ростои фасод ва қочоқ робита доранд, муборизаи ҷиддӣ алайҳи қочоқ душвор хоҳад буд. Ё дар мубориза бо қочоқ аз муносибатҳои коррупсионӣ, хешу таборӣ, оилавӣ истифода шавад, пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро гирифтан ё ҳадди ақал кам кардан, ғайриимкон аст”.

Ба гуфтаи ӯ, маъмулан қочоқи молу маҳсулот дар шакли муташаккил сурат гирифта, бо ҳамдастӣ ё мусоидати кормандони сарҳад, гумрук, амниятӣ, милиса, байторӣ ва ғайра анҷом мешавад. Аз ин лиҳоз, ҷазо барои ин масъулин бояд сахттар шавад.

Зимнан, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ба ҳангоми баррасӣ ва тасвиби тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар иҷлосияи парлумон рӯзи 14 декабр таъкид кард, ки дар сурати ошкор шудани қочоқи молу маҳсулот аз ҷониби гурӯҳи муташаккил, муҷозот аз 15 то 20 соли зиндонро дар бар хоҳад гирифт.

Дилрабо Самадова.
Дилрабо Самадова.

Аммо ба гуфтаи Дилрабо Самадова, ҳуқуқдони мустақил, ташдиди ҷазо барои ҷиноятҳои иқтисодӣ ба раванди инсоникунонӣ ё гуманизатсияи қонунҳои Тоҷикистон мухолифат дорад. Ӯ гуфт: “Дар ду соли ахир дар Тоҷикистон раванди гуманизатсияи Кодекси ҷиноии кишвар шурӯъ шуда ва ҷавобгарӣ ба аксари ҷиноятҳои иқтисодӣ, ҳатто порахурӣ сабуктар хоҳад шуд. Масалан, барои содир кардани ҷиноятҳои иқтисодӣ на ҳабс, балки ҷарима пешбинӣ шудааст. Сахттар шудани ҷазо барои қочоқи молу маҳсулот ба раванди гуманизатсияи ҷавобгарии ҷиноӣ ҷавобгӯ нест.”

Хонуми Самадова иддаои масъулони ниҳодҳои қудратиро, ки ташдиди ҷазо барои қочоқи молу маҳсулотро ба ҳимояи истеҳсолкунандагони ватан рабт медиҳанд, бепоя хонд. Ӯ гуфт, агар давлати Тоҷикистон хостори ҳимоят аз истеҳсолкунандагони дохилӣ бошад, бояд мизони андозро ҳадди ақал дар соли аввали кори соҳибкорон, коҳиш диҳад.

Зимнан, дар моҳи ноябри соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба манзури пешгирӣ аз қочоқи молу маҳсулот дар сарҳадҳои Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйироту иловаҳо ворид карда буд. Тибқи ин тағйирот, миқдори ҷарима ба моли қочоқӣ ду баробар афзоиш ёфта, воситаи нақлиёт, ки тавассути он моли қочоқӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст, ба фоидаи давлат мусодира хоҳад шуд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG