Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи ёдбуди Валентин Гранаткин


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-18) омодагиро ба мусобиқаи XXIX байналмилалии наврасон барои гиромидошти хотираи муовини аввали раиси FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин, ки аз 8-ум то 21-уми январ дар Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, шуруъ кард.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони соли таваллудашон 1999 ва хурдтар иборат аст, моҳи октябр дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 ширкат меварзад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба аввалин ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки то рӯзи 30-юми декабр дар Душанбе идома хоҳад кард, ситоди мураббиёни мунтахаби ҷавонон 29 бозигар – 4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст. Ҷамъомади дувуми даста низ аз 2-юм то 7-уми январ дар пойтахти кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Ба ҷуз мунтахаби наврасони Тоҷикистон, дар мусобиқаи XXIX байналмилалии наврасон барои гиромидошти хотираи Валентин Гранаткин дастаҳои Русия, Словакия, Юнон, Озарбойҷон, Булғористон, Ҳиндустон, Эрон, Словения, Белорус, Қазоқистон, Эстония, Латвия, Литва ва Молдова, инчунин тими шаҳри Санкт-Петербург ширкат меварзанд.

Бар асоси дастури мусобиқа, дар марҳилаи аввал 16 дастаи ширкаткунандаи мусобиқа ба чор гурӯҳ тақсим мешавад. Мусобиқаи марҳилаи аввал аз рӯи системи даврӣ барпо мегардад, яъне ҳар як даста бо тимҳои дигари гурӯҳ як бозӣ анҷом медиҳад. Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳҳо аз рӯи имтиёзҳои дар ҳамаи бозиҳо бадастоварда муайян карда мешавад (ғалаба – 3 имтиёз, мусовӣ – 1 имтиёз, бохт – 0 имтиёз).

Дар марҳилаи дувуми мусобиқа бозиҳо аз рӯи системи плей-офф то комилан тақсимшавии ҷойҳо сурат мегирад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои якум ва дувумро ишғол мекунанд, ҷуфтҳои чорякниҳоиро ташкил медиҳанд ва барои ҷойҳои аз 1-ум то 8-ум мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои севум ва чорумро мегиранд, барои ҷойҳои аз 9-ум то 16-ум талош хоҳанд кард.

Ҳайати васеи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18):

Дарвозабонҳо: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Ҳомид Исоқов («Вахш»), Меҳвар Сулаймонов («Истиқлол»), Хисрав Раҳимов («Саройкамар»);

Ҳимоятгарон: Султоншо Мирзоев («Помир»), Зиёвуддин Фузайлов, Ҳусейн Нурматов, Ҳувайдо Малиев, Ваҳдат Ханонов (ҳарчор – «Барқчӣ»), Маҳмадзарифи Абдураҳим, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – «Помир»), Оятулло Сафаров («Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Кароматулло Саидов («Барқчӣ»), Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев, Шаҳбоз Шарифӣ (ҳарсе – «Истиқлол»), Саидмухтор Азимов, Фаридун Неъматов, Шервонӣ Мабатшоев, Шаҳзод Давлатов (ҳама – «Помир»), Далер Ёдгоров («Барқчӣ»), Умарҷон Шарифов, Валӣ Зарифов (ҳарду – «Вахш»), Сорбон Афғонов («Панҷшер»);

Ҳамлагарон: Нуриддин Ҳамроқулов («Барқчӣ»), Аваз Қамчинов («Равшан»), Шаҳром Самиев, Тоҳир Маладӯстов (ҳарду – «Помир»), Мубинҷон Муъминов («Хуҷанд»).

XS
SM
MD
LG