Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии нахустини “Истиқлол” дар Ҷоми AFC-2017 дар Душанбе мегузарад


Санаҳои баргузории бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дар гурӯҳи «D»-и минтақаи Осиёи Марказӣ, ки ба он қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон - “Истиқлол”-и Душанбе – шомил аст, маълум шуданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, “Истиқлол” нахустин бозиашро дар Ҷоми AFC-2017 дар майдони худ – Варзишгоҳи марказии Душанбе – 14-уми март муқобили ғолиби плей-офф анҷом медиҳад.

Дар мавриде ки агар барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон - «Ҳосилот»-и Фархор – ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёбад, онгоҳ Истиқлол» дар нахустин бозиаш дар Ҷоми AFC-2017 бо “Ҳосилот” рақобат хоҳад кард.

Дастаи «Ҳосилот» ба рақобат аз даври пешакии Ҷоми AFC-2017 шуруъ мекунад. Дар ин марҳилаи мусобиқа рақиби “Ҳосилот” қаҳрамони Афғонистон – бошгоҳи «Шоҳин Осмоӣ» - мебошад. Бозии аввал 31-уми январ дар меҳмонӣ ва бозии ҷавобӣ 7-уми феврал дар Душанбе доир мешаванд.

Дастаи «Ҳосилот» дар мавриди пирӯзӣ бар «Шоҳин Осмоӣ» дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой» (Қирғизистон) – «Балкан» (Туркманистон) рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии аввал 21-уми феврал, бозии ҷавобӣ 28-уми феврал барпо мегарданд.

Ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ мешавад.

Ҷоми AFC-2017

Гурӯҳи «D». Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум

14 март (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби плей-офф

«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм

4 апрел (сешанбе)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Ғолиби плей-офф – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм

18 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Ғолиби плей-офф – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум

3 май (чоршанбе)

«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – Ғолиби плей-офф

Даври 5-ум

17 май (чоршанбе)

Ғолиби плей-офф – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

31 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

«Олой» (Қирғизистон) – Ғолиби плей-офф

XS
SM
MD
LG