Ҳайати намояндагии мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон ин рӯзҳо дар ИМА қарор дорад. Дар ин бора ба “Озодӣ” рӯзи 13-уми декабр аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар доданд. Ба иттилои ин манбаъ, ба ҳайати намояндагии мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон сардори шуъбаи футболи занонаи ФФТ Дилором Нусратуллоева раҳбарӣ мекунад.
Дар доираи барномаи ин сафар аъзои ҳайати намояндагии мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар ИМА бо ҳамкасбони амрикоии худ мулоқот намуда, масоили марбут ба рушди футболи занонаро баррасӣ мекунанд.
Инчунин бонувони футболбози тоҷик имконият пайдо менамоянд, ки бо занони варзишгари амрикоӣ ва дастаҳои онҳо дар шаҳрҳо ва иёлатҳои мухталифи ИМА ошно шаванд.
Ҳайати намояндагии мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон, ҳамчунин дар ҷараёни сафари даҳрӯза ба ИМА аз варзишгоҳҳо, мактабҳои варзишӣ ва донишгоҳҳо дидан карда, бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии ин кишварро тамошо хоҳанд кард.
Мо ба кӯдакони худ Қуръон ро омӯзем ва ба дин шиноси ҷалб кунем иншоаллоҳ ин дар ояндаи кӯдак хеле фоидаовар мебошам ҳам барои падару модар ҳам барои охирати кӯдак. Афсӯс қонуне тасвиб шуд ки ин ҳам ба охирати кӯдак ҳам барои падару модари кӯдак зид мебошад яъне то 18 ба масҷид рафтан маън аст астағфируллоҳ мо ҳамаамон мемурем бояд ай Аллоҳ тарсем чун мо мусулмон ном дорем мусулмон ҳастем вале афсӯс намефаҳман ҳукуматдорон
Дар ин миллат мушохида кунед ин давлат на ин, ки 10-сол 30-сол шуд аз ухдаи тарбия ва таълим баромада тонист на падару модар, бахшиш хама фарзанд доред мушохида карда бошед назари худро нависед, шахсан ман натавонистам.
Тааччубовар дар он ки мардум мехаранд бо хамин нарх. Значить пул доранд, бою бадавлатанд.
САЛОМ БА ОЗОДИ ХОҲОНИ ОЗОДИ !АЗ РУЗЕ КИ ҚОНУН БАРОМАД, КУДАКОН ВАҲШИ ГАШТАНД , НОГУФТА НАМОНАД ; ҶАВОНОНЕ БУДАНД КИ АЗ ВОЛИДАЙН НЕ БАЛКИ ТАРБИЯ РО АЗ МАСҶИД ОМУХТАНД ' ХУДО ТАРС ШУДАНАШОН ОНҲО РО ВОДОР СОХТ ТО ЭҲТИРОМИ ВОЛИДАЙНУ УСТОДОНИ ХУДРО Ё ҲАҚҚИ ҲАМСОЯ ГАРИ ВА ХЕШУТАБОРИ РО БАҶО БИЁРАНД , ИН ҚОНУН КАЙҲО БОЯД ДИГАР МЕШУД . ТАШАККУР
Ваъда хилофӣ барои баъзеҳо ифтихор ва обуруй ба ҳисоб меравад. Мардуми осиёи миёна мард ҳастан нисбат ба ғарбиҳо ва ғайра бо номард набояд музокира кард. Миллати тоҷик ҳушёр бошед, ки ғарб мороҳам мисли худашон накунанд бо ин ҳама таблиғи расона. Мо мард ҳастем ва мард хоҳем рафт.