Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии “Ҳосилот” ба Ҷоми AFC-2017


Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, омодагиро ба мавсими нави футбол шуруъ кард. “Ҳосилот” ба даври интихобии Ҷоми AFC-2017, ки 31-уми январ оғоз меёбад, омодагӣ мебинад.

Аввалин тамрини дастаи “Ҳосилот” рӯзи 12-уми декабр дар Душанбе, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, таҳти раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев баргузор шуд. Марҳилаи аввали ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар пойтахти кишвар то соли нав идома хоҳад кард.

Ба иттилои оқои Ҳабибуллоев, вазифаи даста роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии мусобиқаи аз ҷиҳати моҳият дувуми бошгоҳии Осиё мебошад. Бинобар ин даста ҳайати худро то оғози Ҷоми AFC-2017 мустаҳкам хоҳад кард. Алъон дар ҳайати “Ҳосилот” Агблей Ҷонес, легионери африқоӣ аз Гана, ки соли гузашта дар дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бозӣ мекард, инчунин собиқ ҳимоятгари «Вахш»-и Қӯрғонтеппа Бахтиёр Қаландаров тамрин мекунанд.

Ёдовар мешавем, дастаи «Ҳосилот» ба рақобат аз даври пешакии Ҷоми AFC-2017 шуруъ мекунад. Дар ин марҳилаи мусобиқа рақиби “Ҳосилот” қаҳрамони Афғонистон – бошгоҳи «Шоҳин Осмоӣ» - мебошад. Бозии аввал 31-уми январ дар меҳмонӣ ва бозии ҷавобӣ 7-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Дар мавриди пирӯзӣ бар «Шоҳин Осмоӣ», «Ҳосилот» дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой» (Қирғизистон) – «Балкан» (Туркманистон) рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии аввал 21-уми феврал, бозии ҷавобӣ 28-уми феврал барпо мегарданд. Агар «Ҳосилот» ба плей-офф роҳ ёбад, онгоҳ бозии аввалинашро дар меҳмонӣ ва бозии ҷавобиро дар Тоҷикистон мегузаронад.

Дар мавриди роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017, «Ҳосилот» дар гурӯҳи «D» бо қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол» (Душанбе), инчунин қаҳрамони Туркманистон - «Олтин Асир» (Ишқобод) ва қаҳрамони Қирғизистон - «Олой» (Ӯш) – рақобат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG