Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“ДИСИ Инвест” қаҳрамони секаратаи футзали Тоҷикистон шуд


Дастаи «ДИСИ Инвест»-и Душанбе пас аз пирӯзӣ дар бозии даври навбатии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон бар тими «Соро компания»-и Душанбе бо ҳисоби 5:2, қаҳрамони секаратаи кишвар шуд.

Барои пешакӣ даст ёфтан ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон ба «ДИСИ Инвест» дар бозӣ бо «Соро компания» танҳо ғалаба зарур буд. Дар оғози дидор кори бозигарони “ДИСИ Инвест” омад накард. Ҳисоби бозӣ 2:0 ба нафъи «Соро компания» буд. Голҳоро Алиҷон Ҳабибуллоев ва Соҳиб Рауфов ба самар расонданд. Вале баъдан бозигари “ДИСИ Инвест” Собирҷон Гуляков ба дарвозаи рақибонаш ду гол зада, ҳисобро баробар намуд.

Дар нимаи дувуми бозӣ Ораз Ализода, Шоҳрух Ҳамидов ва Фирӯз Бекмуродов ба дарвозаи “Соро компания” боз се тӯб ворид карда, бозиро бо ҳисоби 5:2 ба фоидаи “ДИСИ Инвест” анҷом доданд.

Ба ин тартиб, «ДИСИ Инвест» пешакӣ ғолиби Лигаи касбии футзали Тоҷикистон дар мавсими соли 2016 ва қаҳрамони секаратаи кишвар шуд.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон

«ДИСИ Инвест» – «Соро компания» – 5:2

Голҳо: Алиҷон Ҳабибуллоев, 5 (0:1). Соҳиб Рауфов, 7 (0:2). Собирҷон Гуляков, 11 (1:2). Собирҷон Гуляков, 18 (2:2). Ораз Ализода, 29 (3:2). Шоҳрух Ҳамидов, 34 (4:2). Фирӯз Бекмуродов, 40 (5:2).

«Карон» – «Иттиҳод» – 5:3

Голҳо: Холид Сабуров, 5 (0:1). Сомон Саидов, 16 (0:2). Файзалӣ Сардоров, 17 (1:2). Ҳотамшоҳ Раҳмонов, 18 (2:2). Файзалӣ Сардоров, 19 (3:2). Некрӯз Алимаҳмадов, 19 (4:2). Сомон Саидов, 20 (4:3). Файзалӣ Сардоров, 35 (5:3).

«Сипар» – «Хуҷанд» – 0:5 (натиҷаи фаннӣ)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«ДИСИ Инвест» (Душанбе)

24

23

1

0

157-44

70

2

«Газпром» (Душанбе)

23

18

1

4

196-89

55

3

«Соро компания» (Душанбе)

26

16

2

8

149-73

50

4

«Сипар» (Хуҷанд)

27

14

2

11

166-118

44

5

«Карон» (Душанбе)

23

10

0

13

121-123

30

6

«Самандар» (Турсунзода)

23

5

0

18

82-148

15

7

«Иттиҳод» (Душанбе)

25

4

0

21

93-182

12

8

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

22

3

0

19

50-234

9

Нишонзанҳо: Шерзод Ҷумъаев («Газпром») – 70 тӯб, Меҳрубон Тиллозода («Газпром») – 57 тӯб, Сиёвуш Қаюмов («Соро компания») – 43 тӯб.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG