Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни ҷавонони солҳои таваллудашон 1997-2001, ки рӯзҳои 3-4 декабр дар ноҳияи Рашт баргузор шуд, ғолибонро аз рӯи ҳашт вазн муайян кард. Дар ин мусобиқа беш аз 120 гуштигир аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру навоҳии тобеи марказ, минтақаи Рашт ва бошгоҳи варзишии “Вастан” ширкат дошт.
Дар чор вазн гуштигирони Душанбе - Оятуллои Амирбек (55 кг), Эраҷ Муродов (60 кг), Муллораҷаб Халифаев (66 кг) ва Шоҳмансур Ёқубов (73 кг) - ҷойҳои аввалро касб карданд. Дар ду вазн аъзои дастаи мунтахаби шаҳру навоҳии тобеи марказ - Улуғбек Раҳимов (81 кг) ва Темур Раҳимов (100 кг) – ғолиб омаданд. Дар ду вазни дигар Ҳоҷимашраб Раҳмонов (90 кг) аз бошгоҳи варзишии “Вастан” ва Абдулҳамид Муҳибов (+100 кг) аз Рашт пирӯзӣ ба даст оварда, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.
Зимнан, Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило байни бузургсолон мақоми аввалро ишғол намуда, бо медали тилло сарфароз гардидааст.
Ёдовар мешавем, гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё байни наврасону навҷавонон, ки рӯзҳои 8-11 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯчии Ҳиндустон баргузор шуд, чор медал – як нуқра ва се биринҷӣ – ба даст оварда буданд.
Акмал Муродов дар рақобатҳо дар вазни то 81 кило миёни навҷавонон барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд. Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар сабқати навҷавонон дар вазни то 90 кило ва Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Дар сабқати наврасон Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар вазни то 81кило мақоми севумро гирифт, соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Мо ба кӯдакони худ Қуръон ро омӯзем ва ба дин шиноси ҷалб кунем иншоаллоҳ ин дар ояндаи кӯдак хеле фоидаовар мебошам ҳам барои падару модар ҳам барои охирати кӯдак. Афсӯс қонуне тасвиб шуд ки ин ҳам ба охирати кӯдак ҳам барои падару модари кӯдак зид мебошад яъне то 18 ба масҷид рафтан маън аст астағфируллоҳ мо ҳамаамон мемурем бояд ай Аллоҳ тарсем чун мо мусулмон ном дорем мусулмон ҳастем вале афсӯс намефаҳман ҳукуматдорон
Дар ин миллат мушохида кунед ин давлат на ин, ки 10-сол 30-сол шуд аз ухдаи тарбия ва таълим баромада тонист на падару модар, бахшиш хама фарзанд доред мушохида карда бошед назари худро нависед, шахсан ман натавонистам.
Тааччубовар дар он ки мардум мехаранд бо хамин нарх. Значить пул доранд, бою бадавлатанд.
САЛОМ БА ОЗОДИ ХОҲОНИ ОЗОДИ !АЗ РУЗЕ КИ ҚОНУН БАРОМАД, КУДАКОН ВАҲШИ ГАШТАНД , НОГУФТА НАМОНАД ; ҶАВОНОНЕ БУДАНД КИ АЗ ВОЛИДАЙН НЕ БАЛКИ ТАРБИЯ РО АЗ МАСҶИД ОМУХТАНД ' ХУДО ТАРС ШУДАНАШОН ОНҲО РО ВОДОР СОХТ ТО ЭҲТИРОМИ ВОЛИДАЙНУ УСТОДОНИ ХУДРО Ё ҲАҚҚИ ҲАМСОЯ ГАРИ ВА ХЕШУТАБОРИ РО БАҶО БИЁРАНД , ИН ҚОНУН КАЙҲО БОЯД ДИГАР МЕШУД . ТАШАККУР
Ваъда хилофӣ барои баъзеҳо ифтихор ва обуруй ба ҳисоб меравад. Мардуми осиёи миёна мард ҳастан нисбат ба ғарбиҳо ва ғайра бо номард набояд музокира кард. Миллати тоҷик ҳушёр бошед, ки ғарб мороҳам мисли худашон накунанд бо ин ҳама таблиғи расона. Мо мард ҳастем ва мард хоҳем рафт.