Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андозаи нави Ҷоми AFC тасдиқ шуд


Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё дар як ҷаласаи худ, ки дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, андозаи нави Ҷоми AFC – мусобиқаи аз ҷиҳати моҳият дувуми бошгоҳии Осиёро тасдиқ кард.

Аз соли оянда Ҷоми AFC аз рӯи муқаррароти минтақавӣ дар панҷ минтақа баргузор мешавад. Минтақаи ғарбӣ, ки солҳои ахир бартарӣ дорад, бе тағйирот мемонад ва ғолиби он ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоӣ мушарраф мегардад. Барои роҳхати дувум ба финал ғолибони чаҳор минтақаи боқимонда – Шарқӣ, АСЕАН, Марказӣ ва Ҷанубӣ – мубориза мебаранд.

Қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе – ба сабқат аз даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 шуруъ менамояд. Барандаи ҷоизаи нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон - «Ҳосилот»-и Фархор – ба мубориза аз марҳилаи плей-офф сар мекунад. Барои ба сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC роҳ ёфтан “Ҳосилот” бояд ду даврро убур намояд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар даври аввал дастаи “Ҳосилот”, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, бо қаҳрамони Афғонистон ва дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти «Балкан» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон) рақобат мекунад. Бозиҳои плей-офф аз ду бозӣ – хона ва меҳмонӣ – иборат аст.

Ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ба даври гурӯҳӣ мустақиман роҳ ёфтаанд, ғолиби марҳилаи плей-офф ҳамроҳ мешавад.

Бояд гуфт, ки аз минтақаи Марказӣ танҳо ғолиби гурӯҳ ба даври чорякниҳоии Ҷоми AFC-2017 роҳхат мегирад.

XS
SM
MD
LG