Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи "табиб"-е, ки иддао дорад саратонро муолиҷа мекунад. ВИДЕО


Мақомоти интизомии Қирғизистон дар нисбати табиби худхондае, ки гӯё тавассути гиёҳҳо бемории саратонро табобат мекунад, парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Тобистони соли гузашта як беморе, ки ин табиб бидуни усули мадҳушкунӣ ҷарроҳӣ кард, фавтида буд.

Гирифторони зиёди саратон, барои муолиҷа ба шифохонаи Ҳошим Зайналиев дар шаҳри Бишкек меоянд. Ин табиби қирғиз мегӯяд, доруву рустаниҳое, ки барои муолиҷаи беморон ба кор мебарад, беҳтар аз усулҳои ғарбии муолиҷа аст. Аммо мунтақидон мегӯянд, усулҳои табобати ӯ марговар мебошад.

Ҳошим Зайналиев баъди се бор ноком шудан дар имтиҳони донишгоҳи тиббӣ, дар ниҳоят дилсард шуд ва усули худашро пеша кард. Ӯ мегӯяд, мадраке, ки дар кимиё дошт, барои рушди усулҳои табобати саратон кӯмак кард: “Мо омоси асосиро мустақим табобат мекунем. Масалан, мо ба бачадони ин зан дору гузарондем. Ҳоло ба рӯдаҳояш дору мегузаронем. Ин барои табобати саратон ёрӣ мерасонад.“

Зайналиев абзорҳои ҷарроҳиро пок намекунад ва дастпӯш истифода намебарад. Тобистони соли гузашта зане, ки Зайналиев синаашро ҷарроҳӣ кард, даргузашт. Ба шифохона ёрии таъҷилиро даъват карданд, аммо дер шуд. Чун пайвандони зан шикоят накарданд, парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ин табиб баста шуд.

Табиби худхонда дар Бишкек иддао дорад, ки саратонро муолиҷа мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Айжан Айдарбекова, намояндаи вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, барои онҳо маълум нест, ки Зайналиев барои табобат аз кадом доруҳо истифода мекунад. Ба гуфтаи ин мақоми вазорати тандурустии Қирғизистон, ин табиби худхонда ҳатто маводеро, ки истифода мекунад, дуруст шарҳ дода наметавонад ва ягон иҷозтаномаи расмӣ барои истифодаи ин давоҳо надорад.

Аммо Фатима Турусбекова, намояндаи маркази саратоншиносӣ мегӯяд, ки "ин ба салоҳияти вазорат дохил намешавад. Он чизе, ки марбут ба табобат аст, ӯ ба беморон гиёҳ медиҳад ва бо ҳамин масъунияти онҳоро баланд мекунад. Беморон бошанд гумон мекунанд, ки шифо меёбанд.»

Бо вуҷуди он, ки алайҳи ин табиб барои муолиҷаи ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, аммо мақомот дар бастани шифохонае, ки ҳамарӯза беморони нав бо умеди давои дардашон меоянд, оҷиз мебошанд.

XS
SM
MD
LG