Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2018


Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 3-юм то 12-уми апрели соли оянда баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 3-юм то 12-уми апрели соли оянда баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 ҳамагӣ 21 даста ширкат меварзад. Ба ҷуз мунтахаби занонаи Тоҷикистон, инҳо дастаҳои мунтахаби Кореяи ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Урдун, Мянмар, Тайван, Узбакистон, Филиппин, Ҳонконг, Лубнон, Баҳрайн, Эрон, Ҳиндустон, Фаластин, Кореяи шимолӣ, Гуам, Ироқ, Сингапур, Сурия ва Имороти Муттаҳидаи Араб мебошанд.

Дастаи мунтахаби занонаи Урдун, ки ҳамчун мизбони Ҷоми Осиё-2018 ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтааст, дар мусобиқаи интихобӣ берун аз озмун иштирок мекунад.

Қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 рӯзи 20-уми январи соли оянда дар пойтахти Урдун - шаҳри Уммон - барпо мегардад. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим мешаванд. Се гурӯҳ аз 5-дастаӣ ва як гурӯҳ аз шаш даста таркиб меёбанд. Аз ҳар гурӯҳ дастаи ғолиб ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 роҳхат мегирад. Бозиҳои мусобиқаи интихобӣ дар Ветнам, Фаластин ва Кореяи шимолӣ доир хоҳанд шуд.

Ба ғайр аз мизбони мусобиқа - дастаи мунтахаби Урдун - ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 се дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2014 - Ҷопон, Австралия ва Чин - мустақиман роҳ ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG