Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Панҷшер” ва "Саройкамар" ба лигаи олӣ роҳ ёфтанд


Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба анҷом расид.

“Панҷшер” дар мусобиқаи имсола дар 24 бозӣ 19 ғалаба ба даст овард, ду бозиро мусовӣ карда, дар сетоаш мағлуб шуд. Ба ин тартиб, футболбозони ноҳияи Балхӣ, ки бо 59 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро азони худ карданд, бо медалҳои тилло мукофотонида мешаванд.

Тими «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, ки нисбат ба дастаи ғолиб се имтиёз камтар гирифтааст, барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра мукофотонида мешавад. Дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо 55 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мегардад.

Ҳамлагари “Панҷшер” Абдухалил Боронов, ки ба дарвозаи рақибонаш 36 тӯб задааст, беҳтарин голзани мусобиқа гардид.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ғолиби мусобиқаи лигаи аввал - «Панҷшер» ва барандаи медалҳои нуқра - «Саройкамар» - ҳуқуқ пайдо карданд, ки соли оянда дар лигаи олӣ бозӣ кунанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ниҳоии мусобиқаи лигаи аввал

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Панҷшер» (Балхӣ)

24

19

2

3

73-21

59

2

«Саройкамар» (Панҷ)

24

18

2

4

54-16

56

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

24

17

4

3

56-19

55

4

«Исфара» (Исфара)

24

11

3

10

39-36

36

5

«Ҳулбук» (Восеъ)

24

11

2

11

36-36

35

6

«Парвин» (Бохтар)

24

10

5

9

48-37

35

7

«Помир» (Душанбе)

24

9

6

9

44-36

33

8

«Коммуна» (Фархор)

24

9

5

10

27-39

32

9

«Канд» (Конибодом)

24

8

3

13

35-51

27

10

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

24

8

2

14

22-46

26

11

«Локомотив» (Душанбе)

24

4

8

12

22-41

20

12

«Чашма» (Шаҳритус)

24

5

3

16

29-65

18

13

«Зарафшон» (Панҷакент)

24

2

5

17

23-65

11

Нишонзанҳо: Абдухалил Боронов («Панҷшер») – 36 тӯб, Фирдавс Зайнуллозода («Чашма»), Ҳасан Холов («Панҷшер») – 17 тӯб, Адҳам Абдуллоев («Кӯктош») – 16 тӯб.

XS
SM
MD
LG