Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Freedom House: Озодии интернет маҳдуд шудааст


Соли шашум аст, ки вазъи озодии интернет дар ҷаҳон бад арзёбӣ мешавад, омадааст дар гузориши нави созмони ҳуқуқи башари Freedom House. Таҳқиқ дар 65 кишвари ҷаҳон сурат гирифта, вазъият аз ҳама бадтар дар Чин, Сурия ва Эрон будааст.

17 кишвар, аз ҷумла Миср, Қазоқистон, Судон, Русия, Покистон ва Ветнам ба рӯйхати давлатҳо бо "интернети ноозод" шомил шудаанд. Дар ин кишварҳо, ба гуфтаи Freedom House, танқиди мақомоти маҳаллӣ сонсур мешавад ва бознашру "лайк" задани ба ин танқидҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад корбарро ба маҳбас барад. 67 %-и корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишварҳои дорои "интернети ноозод" зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта ин нишондод ба 61 дар сад баробар буд.

Гуфта мешавад, ки Русия дар соли 2016 - 65 холи манфӣ гирифт, ки нисбат ба соли гузашта се хол бештар аст. Бахши умдаи маҳдудиятҳоро мақомот ба "фаъолиятҳои зиддитеррористӣ" марбут мекунанд. Аммо изҳороти мухолифин, шарҳнависони мавзӯи ҳамҷинсгароӣ ва низои Украина ҳам таҳти фишор қарор мегиранд.

Дар 28 кишвари ҷаҳон, ба гуфти ҳомиёни ҳуқуқи инсон, интернет қисман озод аст, дар 17 давлат сонсур аслан вуҷуд надорад. Ба панҷгонаи кишварҳои озод дар шабакаҳо Эстония, Исландия, Канада, ИМА ва Германия шомил шудаанд. Арманистон ва Гурҷистон низ ба ҳамин рӯйхат афтодаанд.

XS
SM
MD
LG