Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллии Афғонистон барои бозии дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе бо раҳбарии Анӯш Дастгири 27-сола, ки муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби ин кишвар, омадааст.
Анӯш Дастгир дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар ҳайати тими Афғонистон ҳамчун нимҳимоятгар бозӣ кардааст.
Мутахассиси хорватиягӣ Петр Сегрт, ки аз соли гузашта вазифаи сармураббии мунтахаби Афғонистонро ба зимма дошт, дар лаҳзаҳои охирин аз вазифааш сабукдӯш шудааст.
Дар тамрини тими миллии Афғонистон, ки 11-уми ноябр дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон бо раҳбарии Анӯш Дастгир доир шуд, 26 бозигар ширкат дошт. Аз байни онҳо танҳо ҳашт нафарашон аз бошгоҳҳои футболи Афғонистон мебошанд. Ҳаждаҳ нафари дигар легионерҳо ҳастанд, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Дания, Ҳиндустон, Олмон, Ҳолланд, Руминия, Норвегия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Тайланд, Малайзия ва Шветсия бозӣ мекунанд.
Бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 рӯзи якшанбеи 13-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 шуруъ мешавад.