Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода, ки дар бозии мавқуфгузоштаи даври 12-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар тими “Барқчӣ”-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид. Ин бозӣ 6-уми ноябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и Турсунзода баргузор шуд. Голи ягонаро Ромиш Ҷалилов дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 70-ум, ба ҳадаф расонд.
Бозӣ миёни дастаҳои "Регар-ТадАЗ" ва "Барқчӣ"-и Душанбе бо ҳузури 2500 тамошобин баргузор шуд ва онро Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак доварӣ кард. Дар ин сабқат Дороб Эргашев («Регар-ТадАЗ»), Хуршед Маҳмудов ва Зоир Ҷӯрабоев («Барқчӣ») аз сӯи довар огоҳонида шуданд. Бозигари беҳтарини вохӯрӣ Ромиш Ҷалилов аз дастаи «Регар-ТадАЗ» дониста шуд.
То анҷоми мусобиқаи 25-уми қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ҳамагӣ ду бозӣ бо ширкати «Барқчӣ» мондааст. “Барқчӣ” 10-уми ноябр дар меҳмонӣ бо «Равшан»-и Кӯлоб ва 14-уми ноябр дар майдони худ бо «Ҳосилот»-и Фархор рақобат мекунад.
Ёдовар мешавем, “Истиқлол”, ки бо 45 имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ мақоми аввалро касб кард, барои панҷумин бор бо медалҳои тиллои мусобиқа мукофотонида мешавад. “Истиқлол” Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC-2017 намояндагӣ мекунад.
“Ҳосилот” бо 37 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми дувум қарор дорад ва сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш бо медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон сарфароз мегардад. Инчунин “Ҳосилот” соли оянда дар плей-оффи Ҷоми AFC иштирок мекунад.
Ба ин тартиб, барои ҳафт бошгоҳи лигаи олӣ – «Истиқлол», “Регар-ТадАЗ”, «Хайр», ССКА «Помир», «Хуҷанд», «Вахш» ва «Парвоз» – мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2016 ба поён расид.
Дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари дастаи “Истиқлол”, дар ҷойи аввал аст. Вай ба дарвозаи рақибонаш дар бозиҳои мусобиқаи имсола ҳамагӣ 22 тӯб задааст.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
- “ИСТИҚЛОЛ” 18 14 3 1 67-20 45
- “ҲОСИЛОТ” 17 11 4 2 39-13 37
- “РЕГАР-ТАДАЗ” 18 10 2 6 36-23 32
- “ХАЙР” 18 8 5 5 29-25 29
- ССКА “ПОМИР” 18 8 3 7 23-16 27
- “ХУҶАНД” 18 8 1 9 22-37 25
- “БАРҚЧӢ” 16 7 2 7 24-24 23
- “ВАХШ” 18 5 3 10 21-39 18
- “РАВШАН” 17 2 3 12 17-45 9
- “ПАРВОЗ” 18 1 2 15 14-50 5
Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 22 тӯб, Комил Саидов («Барқчӣ»/«Ҳосилот») – 12 тӯб, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 10 тӯб.
Бозиҳои боқимонда:
Бозии даври 16-ум
10 ноябр (панҷшанбе)
«Равшан» – «Барқчӣ»
Бозии даври 18-ум
14 ноябр (душанбе)
«Барқчӣ» – «Ҳосилот»
Оғози бозиҳо – соати 14:00