Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи Лигаи олӣ аз кӣ мешавад -- "Ҳосилот" ё "Регар"?


Имрӯз, 2-юми ноябр, бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешаванд. Бозии марказии ин давр миёни дастаҳои “Ҳосилот” ва “Регар-ТадАЗ” имрӯз соати 14 дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор шуруъ мешавад.

Дар чор бозии дигари мавқуфгузоштаи даври 13-ум “Барқчӣ»-и Душанбе дар майдони худ бо «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Равшан»-и Кӯлоб бо ССКА «Помир»-и Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хайр»-и Ваҳдат бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд рақобат мекунанд.

“Истиқлол”, ки дар ҳамин ҳол бо 42 имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ дар мақоми аввал қарор дорад, сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш дар меҳмонӣ бо “Вахш”, бо медалҳои тиллои мусобиқа мукофотонида мешавад.

Барои медалҳои нуқра “Ҳосилот” муддаии аслист. Фархориҳо бо 34 имтиёз дар ҷойи дувум мебошанд. “Регар-ТадАЗ”, ки бо 29 имтиёз дар ҷойи севум аст, барои медалҳои нуқраву биринҷӣ талош дорад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 13-ум

2 ноябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:00

«Барқчӣ» – «Парвоз»

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

«Равшан» – ССКА «Помир»

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

«Вахш» – «Истиқлол»

Садовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор»

«Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Фархор, Варзишгоҳи марказӣ

«Хайр» – «Хуҷанд»

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

  1. “ИСТИҚЛОЛ” 17 13 3 1 62-19 42
  2. “ҲОСИЛОТ” 16 10 4 2 35-13 34
  3. “РЕГАР-ТАДАЗ” 16 9 2 5 35-19 29
  4. “ХАЙР” 17 7 5 5 25-24 26
  5. “ХУҶАНД” 17 8 1 8 21-33 25
  6. ССКА “ПОМИР” 17 7 3 7 21-15 24
  7. “БАРҚЧӢ” 14 6 2 6 21-23 20
  8. “ВАХШ” 17 5 3 9 20-34 18
  9. “РАВШАН” 16 2 3 11 16-43 9
  10. “ПАРВОЗ” 17 1 2 14 14-47 5

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 22 тӯб, Комил Саидов («Барқчӣ»/«Ҳосилот») – 12 тӯб, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 9 тӯб.

XS
SM
MD
LG