Рӯзи 30-юми октябр бозиҳои даври ҳаждаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар ҳарсе бозӣ меҳмонон пирӯз гардиданд.
«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар Душанбе ССКА «Помир»-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. «Хайр»-и Ваҳдат дар меҳмонӣ бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар сафар «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.
Ба ин тартиб, “Истиқлол”-и Душанбе, ки бо 42 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор дорад, сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш дар меҳмонӣ бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа (2-юми ноябр) барои дастаҳои дигар дастнорас шуд. “Истиқлол” барои панҷумин бор бо медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон мукофотонида мешавад.
Барои ҷойи дувум ва медалҳои нуқраи мусобиқаи имсола дастаи “Ҳосилот”-и Фархор муддаии аслист. Дар ҳамин ҳол фархориҳо бо 34 имтиёз дар ҷойи дувум мебошанд.
Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо 29 имтиёз дар ҷойи севум аст. Футболбозони шаҳри Турсунзода, инчунин дастаи “Барқчӣ”-и Душанбе барои медалҳои биринҷӣ талош доранд.
Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 13-ум
2 ноябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо - соати 14:00
«Барқчӣ» – «Парвоз»
«Равшан» – ССКА «Помир»
«Вахш» – «Истиқлол»
«Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ»
«Хайр» – «Хуҷанд»
Аз ин бар меояд, ки зури на Эмомали Рахмон ва на Рустами Эмомали нисбати монополистони бозор намерасидааст.
беном хохарам ман як одами оди хастам
Худо чошяшона бихишти хамеша сабз гардонад. ОМИН .. Олими хеле бузург дар дини Ислом будаанд.
Раиси Хадамоти гумрук ҳамсояи мо аст. Ҳар охири моҳ аз мо намаку, равғану орду қанд қарз мегирад бечора... Номаш дар дафтар навиштаги, бисёр одами ба тақво аст...
На самом деле он мшенник. Он 100% знал, проиграет дела в России и умышленно делал это. Таких адвокатов ка Иззат никто не слушал, не слушает и не будет слушать. Пускай ответить за своё мошенничество.