Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон шуд


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии мавқуфгузоштаи даври 17-уми мусобиқаи Лигаи олӣ бар тими «Барқчӣ»-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 5:1 пирӯз шуд, пешакӣ ба унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон даст ёфт.

Барои ҷойи дувум ва медалҳои нуқраи мусобиқаи имсола дастаи “Ҳосилот”-и Фархор муддаии аслист.

Ин бозӣ шаби 29 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо гардид. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи “Истиқлол” хотима ёфт. Голҳоро Ҷаҳонгир Алиев дар дақиқаи 10-ум ва Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 24-ум ба самар расонданд. Се голи дигарро бозигарони “Истиқлол”дар нимаи дувуми бозӣ заданд.

Голи севуми “Истиқлол”-ро боз ҳам Ҷаҳонгир Алиев дар дақиқаи 50-ум ба дарвозаи “Барқчӣ” ворид кард. Капитани даста Фатҳулло Фатҳуллоев дар замони изофӣ 90+2 ҳисобро афзун намуд. Голи панҷумро Дилшод Восиев дар дақиқаи 90+4 зад. Як голи “Барқчӣ”-ро Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 80-ум ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб, “Истиқлол” барои панҷумин бор бо медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон мукофотонида мешавад. “Истиқлол” бо 42 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор дорад ва сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш дар меҳмонӣ бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа (2-юми ноябр) барои дастаҳои дигар дастнорас шуд.

Барои ҷойи дувум ва медалҳои нуқраи мусобиқаи имсола дастаи “Ҳосилот”-и Фархор муддаии аслист. Дар ҳамин ҳол фархориҳо бо 34 имтиёз дар ҷойи дувум мебошанд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 26 имтиёз дар ҷойи севум аст. Футболбозони шаҳри Турсунзода, инчунин дастаҳои ССКА “Помир” ва “Барқчӣ”-и Душанбе барои медалҳои биринҷӣ довталабони асосӣ маҳсуб мешаванд.

Даври 18-ум:
30 октябр (якшанбе)

ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»

«Вахш» – «Хуҷанд»

«Равшан» – «Хайр»

«Барқчӣ» – «Ҳосилот»

Оғози бозиҳо - соати 15:00

XS
SM
MD
LG