Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон бо Фаластин 5 октябр рӯ ба рӯ мешавад


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии байналмилалии дӯстонаро бо тими миллии Фаластин анҷом хоҳад дод. Ин бозӣ рӯзи 5 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 18:00 шурӯъ мешавад.

Доварони бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Фаластин аз Қазоқистон ҳастанд. Довари ФИФА Денис Измайлови 39-сола сардовари бозӣ, ҳамватанони ӯ - ёварони довари ФИФА Серик Жаппасбоеви 43-сола ва Алибек Аубакирови 32-сола – доварони марзи майдон таъин шудаанд.

Ин дувумин дидори дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Фаластин ба шумор меравад. Бозии аввали дӯстона миёни ин дастаҳо 6 сентябри соли равон дар Варзишгоҳи байналмилалии «Дура»-и шаҳри Ҳеврон бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд. Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 1:0 ба нафъи футболбозони тоҷик ба охир расид. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 39-ум ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 50-ум, Карлос Салом, бозигари мизбонон, аз ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро баробар кард.

Ҳоло дар рейтинг ё раддабандии ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) мунтахаби Фаластин дар мақоми 115-ум ва тими миллии Тоҷикистон дар ҷойи 144-ум қарор доранд.

Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, ба ҳайати даста 23 бозигарро даъват кардааст. Дар байни онҳо ҳафт легионер - шогирдони футболи тоҷик, ки дар бошгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд, Абдуазиз Маҳкамов («Олой»-и Қирғизистон), Фарҳод Восиев («Оренбург», Русия), Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов, Нуриддин Давронов (ҳарду - «Дунав»-и Булғористон), Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон) ва Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо»-и Брести Беларус) - ҳастанд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Фаластин:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»);

Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев («Оренбург», Русия), Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғористон), Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (ҳарду – «Истиқлол»), Эраҷ Раҷабов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарду – «Ҳосилот»), Соҳиб Саванқулов («Барқчӣ»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов («Дунав», Булғористон), Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Умедҷон Шарифов («Вахш»), Амирбек Ҷӯрабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев, Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарифов (ҳама – «Истиқлол»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Беларус), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Комил Саидов («Ҳосилот»).

XS
SM
MD
LG