Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” бар “Хайр” пирӯз шуд


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар даври дувоздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзи 14 сентябр бар тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд, бо 30 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад.

Ҳисобро дар ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе баргузор шуд, дар дақиқаи 31-ум Умед Азизов, бозигари меҳмонон, кушод. Вале баъди ду дақиқа ҳуҷуми душанбегиҳо бо гол анҷомид. Фатҳулло Фатҳуллоев, капитани “Истиқлол”, ҳисобро баробар кард.

Дар нимаи дувуми бозӣ мизбонон ба дарвозаи «Хайр» боз се гол заданд. Ҷаҳонгир Алиев дар дақиқаи 51-ум тӯбро бо зарбаи сар вориди дарвоза карда, “Истиқлол”-ро ба пеш баровард. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 71-ум голи севумро ба самар расонд. Голи чаҳоруми мизбононро Нозим Бобоҷонов дар дақиқаи охирини бозӣ ба тӯри дарвозаи “Хайр” зад.

Ёдовар мешавем, ССКА “Помир”-и Душанбе, ки 13-уми сентябр дар майдони худ дастаи «Вахш» -и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, бо 20 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба зинаи дувум баромад. Дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор, ки бо 19 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир аст, бозии мавқуфгузоштаи даври 12-умро дар сафар бо “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд рӯзи 21 сентябр анҷом медиҳад.

Ба иттилои Федератсиони футболи Тоҷикистон, боз ду бозии дигари даври дувоздаҳум миёни дастаҳои «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - «Равшан»-и Кӯлоб ба 22 сентябр ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода - «Барқчӣ»-и Душанбе ба муҳлати дертар гузаронида шуданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии даври 12-ум

«Истиқлол» – «Хайр» – 4:1

Голҳо: Умед Азизов, 31 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 33 (1:1). Ҷаҳонгир Алиев, 51 (2:1). Манучеҳр Ҷалилов, 71 (3:1). Нозим Бобоҷонов, 90 (4:1).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Дэвид Мавутор (Исмоил Алимардонов, 90), Фаридун Шарифов, Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов, Манучеҳр Ҷалилов (Сӯҳроб Ҷалилов, 89).

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Идибек Ҳабибуллоев, Парвиз Ҳамидов, Далер Шарифов, Далер Имомназаров, Фирӯз Шамсиев, Дилобшо Тугоншев, Одил Бобоназаров, Воҳид Соҳибназаров, Умед Азизов, Ҷаҳонгир Хайров (Фирдавси Файззода, 75).

Огоҳӣ гирифтанд: Фаридун Шарифов («Истиқлол»), Далер Шарифов («Хайр»).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Миралӣ Муродов («Хайр»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

Нозири доварон: Алишер Урунов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Шавкат Аҳмадов (Душанбе).

14 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 1000 тамошобин.

Бозиҳои даври 14-ум:

17 сентябр (шанбе)

«Регар-ТадАЗ» – «Хайр»

18 сентябр (якшанбе)

«Парвоз» – «Ҳосилот»

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

«Вахш» – «Равшан»

Оғози бозиҳо - соати 16:00

XS
SM
MD
LG