Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Обама аз изҳороти Трамп дар бораи Путин


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, изҳороти Доналд Трамп - номзади ҷумҳурихоҳонро шадидан маҳкум кард, ки аз президенти Русия ситоиш менамуд. Обама рӯзи сешанбе дар ҷараёни мулоқот бо раъйдиҳандагон гуфт, "ҳамин ҳафтаи гузашта буд, ки ӯ дар телевизиони Русия зоҳир шуд ва обрӯи низомиёни моро паст зад, то Владимир Путинро аз худ розӣ кунад."

Обама гуфт, Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар гузашта мухолифи авторитаризм буд, аммо номзади феълии он Путинро раҳбари қудратманд меномад, "барои он ки ӯ ба кишварҳои дигар таҷовуз мекунад, мухолифонашро дар маҳбас нигаҳ медорад, матбуотро контрол мекунад ва кишварашро ба бӯҳрони дарозмуддати иқтисодӣ менишонад".

Доналд Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ якчанд изҳорот пахш кард ва дар онҳо Путинро ҳамчун раҳбари зӯр бо Обама, ки ба назари Трамп раҳбари заиф аст, муқоиса кард. Трамп ба сатҳи баланди пуштибонии русҳо аз Путин таъкид намуд. Вақтҳои ахир омили Русия дар маъракаи интихоботии Амрико аз мавзӯъҳои чашмгир шудааст. Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ ба ин ишора мекунад, ки нафароне дар атрофи Трамп бо мақомоти иқтисодиву сиёсии Русия робита доранд ва худи номзад аз Путин ситоиш мекунад.

XS
SM
MD
LG