Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки ҳолаш беҳтар шудааст


Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсати ҷуҳмури Амрико, сарсадоҳо дар бораи саломатиашро шарҳ дода ва гуфт, ки рӯзи якшанбе сараш каме чарх зад ва калавид, аммо беҳуш нашуда буд. Ӯ гуфтааст, ки ҳоло саломатиаш хуб аст. Клинтон рӯзи 12 сентябр дар шабакаи телевизионии CNN зоҳир шуд. Ҳодиса ҳангоми иштироки ӯ дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ, ки дар Ню-Йорк рух дод. Қаблан табибон гуфта буданд, ки Клинтон илтиҳоби шуш дорад.

"Ман чизеро пинҳон накардаам, ман намедонистам, ки илтиҳоби шуш метавонад ин қадар қазоватҳои нодуруст ба миён биёрад", - гуфт Ҳилларӣ Клинтон ва афзуд, "ман дар бораи вазъи саломатиам гузориши комил пешниҳод кардам ва хуб мешуд, агар рақиби ҷуҳуурихоҳи ман низ ҳамин корро анҷом диҳад."

Ба қавли номзади Ҳизби демократи Амрико, табибон рӯзи ҷумъа ба ӯ тавсия дода буданд, ақаллан панҷ рӯз истироҳат кунад, аммо Клинтон ба ҳарфи онҳо гӯш надодааст. Дар ҷараёни маросими ёдбуд Ҳилларӣ Клинтон ба сулфаи шадид гирифтор шуд ва баъдан бо шӯхӣ сулфаи худро аллергия ё ҳассосият ба рақибаш аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп маънидод кард.

XS
SM
MD
LG