Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҷавобии Трамп ба Клинтон дар масъалаи Русия


Номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи президентии Амрико Доналд Трамп гуфт, ки рақибаш Ҳилларӣ Клинтон нахоҳад тавонист, дар муқобили ҳарифони сахте мисли президенти Русия Владимир Путин қарор гирад. "Ҳилларӣ дар муқобили Русия аз мавқеи шадид кор мегирад. Вале Путин ба ӯ нигоҳ мекунаду механдад," - гуфт Трамп рӯзи 6-уми сентябр дар як маъракаи таблиғотиаш дар Вирҷиния. Ҳамлаи Трамп рӯзе баъди он садо дод, ки Клинтон Трампро дар ташвиқи Русия барои дахолат ба маъракаи интихоботии Амрико аз роҳи ҳамлаҳои хакериву интернетӣ муттаҳам кард. Яке аз аъзои баландпояи тими Клинтон Тимоти Кейн гуфт, ки Клинтон дар замони вазири корҳои хориҷии ҳукумати Обама буданаш собит кардааст, дар масъалаҳои хеле шадид тавони муқобила бо Путинро дорад ва аз созиши коҳиши захираҳои ҳастаӣ ва нобудсозии силоҳҳои кимиёии Сурия мисол овард. Вай гуфт, дар муқоиса, "Трамп бо қурбон кардани манфиатҳои Амрико аз Русия дастгирӣ мекунад".

XS
SM
MD
LG