Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ боз ду медал гирифтанд


Варзишгарони тоҷик дар Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии ҳунарҳои размӣ, ки рӯзҳои 3 ва 4 сентябр дар шаҳри Чҳонҷӯи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, ду медали нуқра ба даст оварданд.

Ба барномаи мусобиқот 15 намуд дохил буд. Дар сабқати самбои размӣ Тоҷикистонро ду варзишгар – Сайриддин Шоев дар вазни то 74 кило ва Муҳаммадризо Қурбонзода дар вазни то 100 кило - намояндагӣ карданд. Ҳарду паҳлавони тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ Сайриддин аз гуштигири Узбакистон Шербек Рӯзиев ва Муҳаммадризо аз варзишгари Муғулистон Ариунерден Батбаяр мағлуб гашта, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ сардовари мусобиқаи самбои размӣ Маҳмуд Абдуллоев, ки мудири шуъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад, рӯзи 6-уми сентябр хабар дод.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик Сайриддин Шоев ва Муҳаммадризо Қурбонзода дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии самбо барои Ҷоми раиси FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо), ки рӯзҳои 30-31 август дар шаҳри Тонҳэи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд, ду медал ба даст овардаанд.

Сайриддин дар вазни то 74 кило баъди пирӯзӣ бар рақибонаш ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар қувваозмоӣ барои ҷойи аввал аз гуштигири Узбакистон Шербек Рӯзиев мағлуб гашт ва бо медали нуқра мукофотонида шуд. Муҳаммадризо бошад, дар вазни то 100 кило мақоми севумро касб кард ва соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар ин вазн Юта Накамура аз Ҷопон ғолиб шуд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Александр Ефремови русиягӣ пирӯзӣ ба даст овард.

Дар ин мусобиқа низ мутахассиси варзидаи тоҷик Маҳмуд Абдуллоев вазифаи сардоварро ба зимма дошт. Ӯ ба “Озодӣ” гуфт, ки ҳарду гуштигири тоҷик аз ноҳияи Шаҳринав мебошанд ва дар ин ду мусобиқа таҳти раҳбарии мураббиашон Наҷмиддин Шоев ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG