Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали паҳлавони тоҷик дар Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо


Ҳамроз Раҷабов
Ҳамроз Раҷабов

Ҳамроз Раҷабов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқот оид ба казах куреши аз рӯи барномаи Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо дар Чолпон-Отаи Қирғизистон медали биринҷӣ ба даст овард. Ҳамроз дар рақобатҳо дар вазни то 80 кило мақоми севумро касб кард. Инчунин, Шатман уулу Эсенбек аз Қирғизистон соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дар ин вазн Давлат Фахриддинов аз Қазоқистон бо медали тило ва Вугар Байрамов аз Озарбойҷон бо медали нуқра сарфароз гаштанд.

Зимнан, дар ин намуд гуштигирони Қазоқистон аз панҷ вазн дар чаҳортоаш ғолиб шуданд. Ба ҷуз Давлат Фахриддинов, Талгат Шегенов (то 60 кило), Адилет Сейлханов (то 70 кило) ва Сунгат Закариёев (то 90 кило) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Рустам Арслонови русиягӣ дар вазни беш аз 90 кило мақоми аввалро азони худ кард.

Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо, ки 3 сентябр дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон оғоз ёфт, то 8 сентябр идома хоҳад кард.

Дар мусобиқот оид ба казах куреши 58 варзишгар аз 17 кишвар ширкат дошт.

Ёдовар мешавем, Ҳамроз Раҷабов 28 майи соли равон дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё, ки дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод – баргузор шуда буд, соҳиби медали тилло гардидааст. Ӯ дар сабқати самбои варзишӣ миёни мардон дар вазни то 74 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гуштигири қирғиз Урмат Мабетжан Уулу пирӯз шуд.

Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо, ки 3 сентябр дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон оғоз ёфт, то 8 сентябр идома хоҳад кард.

Дар ин бозиҳо ҳудуди 1000 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон, инчунин 8 минтақаи Русия, ширкат дорад. Ба барномаи бозиҳо 16 намуди варзиш (қувваозмоиҳои якҳарба, пойга ва рақобатҳои асптозӣ, мусобиқоти камонварӣ), инчунин намоиши намудҳои мухталифи паррандаҳои шикорӣ дохил аст.

Дар Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо 37 варзишгар аз Тоҷикистон дар мусобиқот оид ба ҳашт намуд (алиш, гореш, гюлеш, казахша куреш, қирғиз куреш, пойгаи асптозӣ, мас-рестлинг ё кашидани чӯбдаста) ширкат меварзад. Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар байни 64 даста дар ҷойи 18-ум қарор дорад. Умуман, то ҳоло варзишгарони 18 кишвар медалҳои бозиҳоро ба даст овардаанд. Намояндагони 7 кишвар барандагони медалҳои тило гардидаанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 16 медал (10-тило, 2-нуқра ва 4-биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Озарбойҷон бо 13 медал (4-4-5) дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо 10 медал (4-3-3) дар ҷойи севум мебошанд.

Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Гурҷистон (2-1-0), Эрон (2-0-4), Қирғизистон (1-6-12), Туркманистон (1-0-3), Узбакистон (0-2-4), Арманистон (0-2-1) ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (0-2-1) дохиланд.

XS
SM
MD
LG