Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин медали варзишгари мустақил дар Олимпиадаи Рио


Фиҳад Ал Диҳанӣ, намояндаи Кувайт, ки дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ ҳамчун варзишгари мустақил ширкат мекунад, медали тиллои Олимпиадаи Рио-2016-ро ба даст овард.

Вай дар тирандозӣ ба ду лаълича (дабл-трапе) ғолиб шуд. Ин аввалин медали Олимпиадаи соли 2016-ум мебошад, ки варзишгари мустақил соҳиб шудааст.

Ҷойи дувумро Марко Инноченти аз Италия ва ҷойи севумро Стивен Скотт аз Британияи Кабир ишғол карданд.

Фиҳад Ал Диҳанӣ соли 2002-юм дар Сидней ва соли 2012-ум дар Лондон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуда буд. Он замон ӯ дар мусобиқот ҳамчун узви дастаи мунтахаби Кувайт ширкат дошт.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои ба кори Кумитаи олимпии Кувайт дахл кардани давлат мунтахаби ин кишварро ба Олимпиадаи Рио роҳ надод. Вале варзишгарони алоҳида ҳуқуқи мустақилона иштирок карданро ба даст оварданд.

Дар Олимпиадаи Рио нӯҳ варзишгари мустақил иштирок мекунанд. Соли 2012-ум дар Олимпиадаи Лондон аз чаҳор варзишгари мустақил ягон нафараш медал ба даст наоварда буд.

Нарзуллоҳи Латиф,
Рио-де-Жанейро

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG