Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгари рус Федератсияи варзиши сабукро ба додгоҳ мекашад


Елена Исинбаева, қаҳрамони Олимпиии Русия мегӯяд, омодааст, аз қарори Федератсияи байналмилалии варзиши сабук барои манъи иштирокаш дар Бозиҳои Рио-2016 ба Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо шикоят барад, иттилоъ медиҳад "Интерфакс".

Қаблан ин варзишгари рус гуфт, ки федератсияи мазкур барои иштирокаш дар Бозиҳои Олимпии Рио-де-Жанейро ниҳоятан иҷоза надод. Федератсияи байнулмилалии иттиҳодияҳои варзишӣ низ ахиран ба дархости вазири варзиши Русия Виталий Мутко дар бораи иштироки варзишгароне, ки исмашон дар робита ба истеъмоли доруҳои мамнуи неруафзо гирифта нашудааст, ҷавоби рад дод.

Варзишгарони Русия баъди гузориши Агентии ҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) дар бораи қоидавайронкунии ташхисгоҳҳои зиддидопингии ин кишвар аз ҳаққи иштирок дар Олимпиада маҳрум шуданд.

Бар пояи ин гузориш, ташхисгоҳҳои зиддидопингии Русия амдан натиҷаҳои мусбати санҷиши допингро пинҳон кардаанд. WADA мегӯяд, дар ин кор Хадамоти амнияти федеролии Русия низ даст доштааст.

То ҳол беш аз 100 варзишгари Русия аз ҳаққи иштирок дар Олимпиада маҳрум шудааст.

XS
SM
MD
LG